Мизони интиқолоти пулӣ аз Русия ба ҶТ ҳудуди ду баробар камтар шудааст

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкНуқтаи интиқолоти пулӣ. Акс аз бойгонӣ
Нуқтаи интиқолоти пулӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мизони умумии интиқолоти пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2014 $3 млрд 45,1 млн буд, ки баробари нимаи тавлидоти нохолиси миллии кишвар мебошад.

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Мизони интиқолоти пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2015 дар муқоъиса бо ҳамин давраи соли 2014 ба маблағи $282 миллион камтар шуда $362 миллионро ташкил додааст, хабар медиҳад Бонки марказии Русия.

Тибқи иттилоъи ин ниҳод, ба сурати мутавассит маблағи ҳар як интиқоли пулӣ дар семомаҳи аввал ҳудуди 190 доллар будааст. Аз Тоҷикистон ба Русия $66 миллион интиқол шуда маблағи мутавассити ҳар як интиқоли пулӣ $884 будааст.

Дар маҷмӯъ ба кишварҳои ИДМ аз Русия маблағи $1 миллиарду 781 ҳазор мунтақил шудааст. Барои муқоъиса: дар семоҳаи аввали соли 2014 ба кишварҳои узви иттиҳод аз Русия $1 миллиарду 781 ҳазор мунтақил шуда буд.

Пул - Sputnik Тоҷикистон
Интиқолҳои пулӣ аз Русия ба ОМ бо суръати ташвишовар коҳиш меёбад

Дар соли 2014 аз Русия ба Тоҷикистон $1 миллиард 781 миллион мунтақил шуда буд, ки ҳудуди 50 дарсади тавлидоти нохолиси миллии кишвар мебошад.

Бонки ҷаҳонӣ ва СБП дар гузоришҳои худ дар бораи вазъи иқтисодии Тоҷикистон зикр кардаанд, ки ҷумҳурӣ ба феҳрасти кишварҳое шомил аст, ки иқтисодаш ба интиқолоти пулӣ бастагӣ дораду ва омилҳои хориҷӣ осебпазир мебошад. Бастагӣ ба маболиғи интиқолии муҳоҷирони корӣ дар зиндагии ҳамарӯза низ эҳсос мешавад. Якҷо бо коҳиши интиқолоти пулӣ мизони масраф дар кишвар коҳиш ёфта ҳамзамон воридот низ камтар шудааст.

Лентаи хабарҳо
0