Интиқолҳои пулӣ аз Русия ба ОМ бо суръати ташвишовар коҳиш меёбад

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкПул
Пул - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мизони интиқолҳои пулӣ аз Русия, ки ҳудуди 50% тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистон мебошад, уфт мекунанд ва эҳтимол дорад вазъи иқтисодиро сармоягузориҳои аз Чин ва кишварҳои дигар наҷот медиҳанд, изҳор доранд коршиносони ББРА.

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Мизони интиқолҳои пулӣ аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба суръати ташвишовар коҳиш меёбанд ва эҳтимол дорад мизони коҳиш бештар аз соли бӯҳронии 2009 шавад, зикр мешавад дар гузориши ББРА.

Коҳиши мизони интиқолоти пулӣ аз Русия ба пойин рафтани қурби рубли русӣ марбут аст ва ин амр ба бозгашти муҳоҷирони корӣ ба ватан мунҷар шудааст, омадааст дар гузориши Бонки бозсозӣ ва рушди АвруОсиё (ББРА).

"Бозгашти муҳоҷирон ба ватан бо ин теъдод барои кишварҳои содиркунандаи нерӯи корӣ ба мушкили ҷиддӣ ба далели адами ҷойи кор дар он ҷо мунҷар шудааст", — изҳор доранд дар ББРА.

Пул - Sputnik Тоҷикистон
Мизони интиқолҳои пулӣ аз Русия ба кишварҳои ИДМ 2 маротиба коҳиш ёфт

Ба ҷуз аз ин, ин амр аз кишварҳо барои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини амният махориҷи изофиро тақозо мекунад, ҳарчанд муҳоҷирони баргашта метавонанд ба рушди иқтисод мусоидат кунанд. Кишварҳои содиркунандаи нерӯи корро зарур аст, ки аз ин нерӯ судманд истифода кунанд.

"Пайёмадҳои номатлуби коҳиши мизони интиқолҳои пулӣ дар Тоҷикистон эҳтимолан қисман аз ҳисоби афзоиши сармояҳои Чин ва ба миқдори камтар аз кишварҳои дигар ҷуброн хоҳад шуд", — зикр мекунанд муаллифони гузориш.

Коҳиши мизони интиқолҳои пулӣ, тибқи пешбинии ББРА, ба коҳиши рушди тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистон то 3,8% дар соли 2015 дар муқоъиса бо 6,7% соли 2014 мунҷар хоҳад шуд. Вазъи интиқолҳои пулӣ тибқи пешгӯии ББРА дар соли 2016 муътадил хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0