ИМА ва Тоҷикистон масоили амниятӣ ва ҳуқуқи инсонро баррасӣ карданд

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкВашингтон. Акс аз бойгонӣ
Вашингтон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба ҷуз аз ширкат дар машваратҳои дуҷонибаи ҳамасолаи миёни Тоҷикистон ва ИМА ҷониби кишвари мо бо бархе аз намояндагони баландмақоми ИМА дидорҳои ҷудогона хоҳад дошт.

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Машваратҳои панҷуми ҳамасолаи миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон 16 июн дар Вашингтон баргузор шуда дар онҳо масоили мубрами амнияти минтақавӣ, ҳуқуқи инсон ва мавзӯъоти дигар баррасӣ шуданд, хабар медиҳад ВКХ Тоҷикистон.

Ҳайъати Тоҷикистонро, ки 13 юн озими Вашингтон шуд, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов раҳбарӣ мекунад. Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва тиҷорат Саидраҳмон Назриев, раиси Кумитаи дин, расму оин ва танзими Ҳукумати Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ва дигарон аъзои ин ҳайъат мебошанд.

ИМА ва Тоҷикистон қасд доранд равобити иқтисодиро тақвият бидиҳанд

"Дар ҷараёни машваратҳо мавзӯъоти зиёде назири бахши сиёсат, амният, иқтисод, энержӣ ва сармоягузорӣ матраҳ шуданд. Ҷонибҳои ҳамчунин масоили озодии адён, расонаҳо ва ҳуқуқи инсонро баррасӣ карданд", — зикр шудааст дар хабари ВКХ.

ИМА-ро дар ин машваратҳо ёвари вазири хориҷии ИМА Ниша Д. Бисвалл ва ҳамчунин намояндагони Шӯрои амнияти миллӣ, вазорати тиҷорат, вазорати кор, Ожонсии рушди байналмиллалии ИМА ва ниҳодҳои дигар намояндагӣ карданд.

Ба ҷуз аз машваратҳо дидори ҷудогонаи ҳайати Тоҷикистон бо мақомоти баландпояи ИМА дар назар аст.

Дар сомонаи сафорати Тоҷикистон дар ИМА зикр шудааст, ки баъд аз роҳандозии равобити миёни ҳукумати ИМА ва ҳукумати Тоҷикистон 30 санади ҳамкорӣ дар масоили тиҷорат ва иқтисод, ҳамкориҳои низомӣ, муқобала бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир имзо шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0