ИМА ва Тоҷикистон қасд доранд равобити иқтисодиро тақвият бидиҳанд

© Sputnik / Амир ИсаевБинои вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Бинои вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба тавсеъаи ҳамкориҳои мутқобилан судманд бо Тоҷикистон алоқаманд мебошанд, зикр кард сафир Сюзанн Эллиотт дар дидор бо раҳбари вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон.

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Тақвияти равобити иқтисодӣ меҳвари аслии музокироти миёни вазири рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт дар поёни ҳафтаи гузашта будааст, хабар медиҳад маркази мутбӯъотии ин вазоратхона.

"Вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар ҷараёни дидори ҷонибҳо матраҳ шудааст. Ҳамчунин масоили таъмини субботи макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон ва зарурати роҳандозии ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар баррасӣ шудаанд. Ҷонибҳо ҳамчунин фаъолияти ширкатҳои амрикоӣ дар ҶТ, ҷалби сармоягузорӣ ва мавзӯъи муҳоҷирати кориро матраҳ кардаанд", — хабар медиҳад ин ниҳод.

Гуфта мешавад, ки ин ислоҳот ва иҷрои барномаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ имкон медиҳанд, ки зарфияти содиротии кишвар ва вазъи таъмини кор барои аҳолӣ беҳтар карда шаванд.

Тибқи натоиҷи семоҳаи аввали соли 2015 табодули коло миёни ИМА ва Тоҷикистон дар муқоъиса бо ҳамин давраи соли гузашта 80,4% коҳиш ёфта каме бештар аз $5,6 миллион шудааст. Аз ҷумла содирот $78 ҳазор ва воридот $5 миллиону 577,6 ҳазор будааст.

ИМА ҳамчун пешсафи ироъаи кӯмакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон боқӣ мондааст. Тибқи иттилоъи Ожонси омори ҶТ дар моҳҳои январ ва марти соли 2015 ба ҷумҳурӣ 25 кишвар ба маблағи $10,3 миллион ва дар ҳаҷми 5 ҳазору 973,8 тонна кӯмакҳои башардӯстона ворид шудааст.

Дар миёни кишварҳои кӯмакрасон бештар аз ҳама саҳми ИМА — 24,9%, Словения — 11,2%, Ҳоланд — 5,8%, Дания — 4,6%, Чин — 4,3%, Ҷумҳурии Куриё — 2,9%, Австрия — 2,8% Латвия — 1,8%, Олмон — 1,2%, Афғонистон — 1% мебошад. Кишварҳои ИДМ: Русия — 34,7%, Қазоқистон- 1,4% ва ғайра ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0