Sputnik. Билохира мошинбозори Душанбе, ки на дар дошту на дарвоза ва на тартибу интизом, ба маконе бо дару дарвоза ва тартибу интизом интиқол ёфт. Ду ҳафта ба ин сӯ бозори мошини Душанбе ба ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чимтеппа нақли макон кардааст.
Ҳоло бархе аз харидорон ва ҳам баъзе аз фурӯшандагон дар пайдо кардани ин бозор овораанд. Ба гунае, ки яке аз фурӯшандагон, субҳи 14 июн ба қасди фурӯхтани мошинаш аз ноҳияи Рӯдакӣ роҳии Душанбе мешавад. Вақте ба дари бозор мерасад, мебинад, ки на аз мошинхарҳо дарак ҳасту на аз мошинфурӯшҳо. Танҳо ҳамонҷо мефаҳмад, ки бозор кӯчидааст. Суроғ ба суроғ, билохира мебиёяд ва мошинбозори навро ду гузар поёнтар аз манзили зисташ пайдо мекунад…
Мошинбозори нав… поёнтар аз "Корвон"
Дар ҳар сурат, пайдо кардани бозори нав на корест душвор. Дар масири Душанбе-Қурғонтеппа, поёнтар аз бозори "Корвон", аз постгоҳи Ҳисор ба дасти рост гаштан ва 1 км ҳаракат кардан кифоя аст, ки бозорро бубинед.
То кунун зоҳиран ҳам фурӯшандагон ва ҳам харидорон аз макони нави бозор ва аз шароиташ қонеъ ҳастанд. Бозори Чимтеппа ба фарқ аз бозори пешин роҳу растаҳои васеъ дошта, як қисматаш пӯшида шудааст. Ҳудуди 60 муҳофиз мошинҳоро нигаҳдорӣ мекунанд ва муҳимтарин нукта ин ки аз оғози фаъолият — аз ду ҳафта ба ин сӯ — фурӯшандагон ҳаққи бозор намепардозанд. Яъне, маҷонан дар ин бозор ба хариду фурӯш машғуланд. Аммо ин муваққатист.
Интихоби ногаҳонӣ
Дар суҳбат бо мо Азам Бобомуродов, муовини директори ҶДММ "Сангреза", ки бозори нав ба ин ширкат тааллуқ дорад, гуфт, шароитҳои бозори эшон даҳо маротиб аз бозори пешин хубтар аст ва мутаносибан арзиши иҷораи ҷой низ боло хоҳад буд.
"Ҳоло мо дақиқ накардем, ки бояд чанд сомонӣ барои як мошин дар як шабонарӯз биситонем. Вале инаш аниқ аст, ки нисбати бозорӣ пешин фарқ хоҳад дошт. Худи тоҷирон мегӯянд, дар бозори пештара, ки ҳич шароите мавҷуд набуд, барои ҳар кадом мошин дар як рӯз ва ё барои як бор ворид шудан 10 сомонӣ пардохт мекардаанд. Албатта, ин ҷо ки мо мошинҳоро муҳофизат мекунем, болопӯш дорем мутаносибан пардохт ҳам гаронтар хоҳад шуд", — мегӯяд Бобомуродов.
Ин масъули бозор меафзояд, барояшон ногаҳонӣ буд, ки амволи ҶДММ "Сангреза" ба ҳайси макони нави мошинбозор интихоб гардид. Ба ин далел натавонистанд бозорро сари вақт омода созанд.
Камераҳои назоратӣ бозорро муҳофизат хоҳанд кард
"Раиси шаҳри Душанбе омадаст, ҳудуди бозорро дидаст. Мақбул донистаанд. Ба ҳамин тартиб мошинбозор инҷо куҷонида шуд. Агар мо пештар хабардор мешудем, омодагии бештар медидем. Камераҳои назоратӣ насб мекардем, роҳҳоро мумфарш мекардем, иншоотҳои дигарро месохтем", — мегӯяд Азам Бобомуродов.
Насби камераҳои назоратӣ, сохтани меҳмонсаро, бунёди ошхонаҳо ва мумфарш кардани роҳҳо аз муҳимтарин корҳоест, ки раҳбарияти бозор қасд дорад дар фурсатҳои наздик ба сомон расонад. То он вақт мумкин аст арзиши ҷой дар бозор ҳам муайян шавад, бовар дорад Бобомуродов.
Овардани намояндагони нотариус барои аз қайд баровардану дар қайд гузоштани мошинҳо, девор бардоштани давро-даври бозор ва кушодани ҳадди ақал 3 роҳи дигар барои дохилу хориҷ шудан аз нақшаҳои дувумдараҷаи масъулони мошинбозор аст.
Аммо дар маҷмуъ ин шабу рӯз бозори Чимтеппа аз бозори Гипорзем фарқияти куллие надорад. Нарху навои мошинҳо ҳамон нархи пештара, харидорону фурӯшандагон низ ҳамонанд, ки буданд ва мошинҳо низ ҳамон мошинҳои қадимӣ. Аксарияти мошинҳо дар фурӯш буда, истеҳсоли Олмон ҳастанд ва қисми аз Ҷопону Куриёву Чину Русия.