ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз вазорати умури дохилии Русия хостааст, ки чигунагии бозгашти Саидҷаъфар Мирзошоев, сокини шаҳри Норак аз Сурия ба Русияро шарҳ бидиҳад, менависад Радиои Озодӣ.
Додгоҳ бо ирсоли як нома ба вазорати корҳои дохилии Русия, тақозо кардаааст, ки ҳолати аз Сурия ба Русия омадани шаҳрванди Тоҷикистон, сокини шаҳри Норак Саидҷаъфар Мирзошоевро мушаххасан шарҳ бидиҳад.
"Ин шаҳрванди Тоҷикистон бо моддаи 401, қисми 1-и КҶ (ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрвандӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо), айбдор дониста мешавад",- иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ бо истинод ба як манбаъ дар додгоҳ.
Сарчашмаи хабар мегӯяд, раёсати додгоҳ пас аз оғози мурофиаи парвандаи Саидҷаъфар Мирзошоев тасмим гирифт, ки бо чунин нома ба вазорати умури дохилии Русия муроҷиат намояд. Зеро ба иттилои додгоҳ, дар мурофиаи нахустини ин парванда, ки рӯзи 9 июн оғоз шуд, айбдоршаванда Саидҷаъфар Мирзошоев гуфтааст, ки "вай дар Сурия хоҳиш кардааст, ки ӯро ба Тоҷикистон баргардонанд ва вазорати корҳои дохилии Русия дар вақти ба Маскав омаданаш, ӯро ба Тоҷикистон фиристодааст".
Ҳоло додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба хотири дарёфти посухи Вазорати корҳои дохилии Русия дар мавриди чигунагии аз Сурия ба Маскав омадани шаҳрванди Тоҷикистон Саидҷаъфар Мирзошоев, мурофиаи навбатиро то рӯзи 16 июн ба таъхир гузошт.
Мақомоти амниятӣ ва қудратии Тоҷикистон теъдоди шаҳрвандони кишварро дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун «Давлати исломӣ» дар Сурияву Ироқро беш аз 400 нафар унвон мекунанд ва то имрӯз дар бораи ҳалокати беш аз 60 тан аз табааъи кишвар дар даргириҳои Ховари наздик иттилоъ расидааст.