Аз ҷанги Сурия атбоъи ҷалбшудаи Тоҷикистон баргаштанд

© SputnikБинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилӣ аз волидайне, ки фарзандони онҳо алорағми хоҳиши худ қасд дорад аз даъватҳои тундгароён ҷонибдорӣ кунанд, тавассути телефони эътимоди ВКД муроҷиъа кунанд.

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Вазорати корҳои дохилӣ 30 май хабари довталабона аз Сурия баргаштани ду табаъайи тоҷик — сокинони 23 солаи Қурғонтеппа Ризвон Аҳмадов ва Савҷуда Сабуроваи 27 сола хабар дод.

Тибқи иттилоъи ВКД мавориде, ки ҷавонони тоҷик ба далели ҷаҳонбинии андак ва надонистани Ислом ба доми фиреби афроди ҷиноятпеша афтода ва ё ғуломи онҳо мешаванд, кам нест.

Ба унвони мисол таърихи сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа Ризвон Аҳмадов, соли таваллудаш 1993 ва Мавҷуда Сабурова, соли таваллудаш 1988 гувоҳи равшан аст. Якумӣ дар шаҳри Самараи Русия ва дуввумӣ дар Москав фаъолият доштанд.

Акс аз навори интернетии Гулмурод Ҳалимов, ки дар бораи пайвастанаш ба ДИ иброз доштааст - Sputnik Тоҷикистон
Собиқ фармондеҳи ОМОН дар бораи пайвастанаш ба ДИ изҳор доштааст

Ба иттилоъи ин ниҳод ҳар ду ба таъсири таблиғи фарҳанги бегона афтода ва дар ниҳоят таҳти таъсири тундгароён ба Сурия сафар кардаанд.

"Ин ду ҷавон дар бораи ваҳшонияти террористон иттилоъ надошта сипас огаҳ шуданд, ки онҳо на дину на эътиқод доранду на пайрави Худо ҳастанд ва баръакс танҳо ба қатлу хунрезӣ машғул мебошанд, — зикр мешавад дар сомонаи ВКД. — Онҳо муддати тӯлонӣ (ҳудуди ним сол) дар таҳхонаҳо қарор дошта дар ӯрдугоҳҳои террористон таълимоти низомӣ дидаанд. Ин ду нафар баъд аз фаҳмидани иштиҳоти худ бо душворие аз шаҳри Раққаи Сурия фирор карда ва бо мусоъидати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ватан бозгардонида шуданд".

Дар хабари ВКД таъкид мешавад, ки "ин маворид барои Ризвон ва нафарони дигаре, ки мехоҳанд ба хотири "ҳиҷра" ва "ҷиҳод" ва ба дунболи ҳадафи таъсиси хилофати ғайривоқеъӣ ҷиноят содир мекунанд, дарси ибрат шудааст".

Вазоратхона аз волидайне, ки фарзандонашон қасд доранд ба дунболи даъватҳои тундгароён чунин иштибоҳот содир кунанд ва имкони бозпас овардани онҳоро надоранд, барои дархости кӯмак тавассути телефони эътимоди ВКД (221-21-21) ва телефонҳои эътимоди ниҳодҳои дигари зертобеъ муроҷиъа кунанд.

Раҳматилло Зойиров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раҳматилло Зойиров мухолифи истифода аз ислом дар сиёсат мебошад

"Бори дигар ёдовар мешавем, ки ҷавононе, ки иштибоҳан вориди Сурия ва Ироқ шуда зимни мушорикат дар амалиёти низомӣ пушаймон шудаву ба Туркия ва ё кишварҳои дигар омадаанд, метавонанд довталабона ба хонаҳои худ баргарданд, — зикр шудааст дар хабар. — Ҳамзамон хабар медиҳем, ки чунин афрод аз ҷазои ҷиноӣ озод карда мешаванд".

Ниҳодҳои корҳои дохилӣ омода ҳастанд ба чунин афрод барои бозгашт мусоъидат кунанд, омадааст дар хабар.

Лентаи хабарҳо
0