ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Шаҳрдори пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ниҳодҳои зирабт дастур дод, ки фаъолияти бозори мошин қатъ ва берун аз шаҳр бароварда шавад, хабар медиҳад маркази матбуотии шаҳрдорӣ.
Ин дастур рӯзи душанбе дар ҷаласаи раҳбарони ниҳодҳои шаҳрдорӣ ва ниҳодҳои интизомӣ матраҳ шудааст.
Ҳамчунин, ба баррасии ҳозирин мавзӯъи нақлияи мусофирбар гузошта шудааст. Аз ҷумла, шаҳрдор ба мақомоти зирабт дастур додааст, ки беназмӣ дар хатсайрҳои нақлияи мусофирбар, ки ба танбашавии мошинҳо дар хиёбонҳо мунҷар мешавад, рафъ карда шавад.
Ҳамзамон, ширкаткунандагони ҷаласа масоили ҷилавгирӣ аз вуруди нақлияи мусофирбари бидуни муҷҷавиз ба шаҳрро баррасӣ кардаанд.