ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе бо баргузории як ҷаласа, барои ҳалли масоили марбут ба нигоҳубини роҳҳои мошингарду пиёдагарди пойтахт ба масъулин супориш додааст, менависад оҷонсии "Озодагон".
Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори пойтахт ба оҷонсии гуфтааст, дар зимни ҷаласа масоили нигаҳдошти хиёбон, кӯчаю роҳҳои нақлиётӣ, маҳаллагузар ва пиёдароҳҳо аз тарафи раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо ва дар ин ҷода ҷалби зарфиятҳои соҳибкорон ва дигар шахсони воқеию ҳуқуқӣ матраҳ шудааст.
Ба гуфтаи сухангӯи шаҳрдории Душанбе, Убайдуллоев дар ин ҷаласа низ фаъолияти шабонарӯзии ситодҳои шаҳрию ноҳиявӣ оид ба зимистонгузарониро баррасӣ намудааст.
"Истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи истифодаи барқ, беҳбудии вазъи санитарию эпидемиологӣ, бахусус дар муассисаҳои томактабӣ, таълимию тандурустӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, ширкати фаъол дар интихоботӣ, тақвияти ниҳолшинонӣ ва хуррамгардонии ҳудуди шаҳр ва омодагиҳо ба таҷлили Наврӯз низ баррасӣ шуданд",- афзудааст Саидов.
Ҷаласаи шаҳрдорӣ дар мавриди таъмири роҳҳои пиёдагард ва маҳаллагузар дар ҳолест, ки ахиран Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бо нашри як гузориш, аз харобиҳои роҳҳои Душанбе интиқод карда буд.
Гузоришгари телевизион гуфта буд, шаҳрдорӣ ба таъмири роҳҳои пойтахт эътибор намедиҳад ва тоҷирони Душанберо низ барои таъмири роҳҳои харобшуда даъват намекунад.