ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Арзишҳои исломӣ покиза ва муқаддасанд ва мо онҳоро набояд бо сиёсат омезиш бидеҳем, гуфт дар мусоҳиба бо нашрияи "Нигоҳ" раҳбари Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров.
Нашрия изҳор доштааст, ки бо чунин изҳори назар сотсиал-демократ худро дар қиболи пайравони ислом дар кишвар, аз ҷумла дар муқобили Ҳизби наҳзати исломӣ қарор медиҳад. Ҳарчанд худи ҳизби Зойиров мухолифи давлат маҳсуб ёфта дар гузашта борҳо бо ҲНИТ ҳамгароӣ кардааст.
"Вале фикр намекунам, ки чунин изҳори назар ҲНИТ-ро нигарон кунад, — гуфт дар идома Зойиров. — Агар ҲНИТ Қуръон ва ё суннаҳои онро ба унвони манбаъ истифода кунад — ин амр омезиши ислом маҳсуб намешавад. Мазҳаби ислом воқеъан муқаддас аст. Ва ин муқаддасотро мо набояд барои аҳдофи худ истифода кунем".
Ҳамзамон раҳбари сотсиал демократҳо бар ин назар аст, ки "аз ислом бояд дар фарҳанг ва маънавиёт истифода шавад".
Қаблан чунин мавқеъи худро Зойиров зимни муъаррифи барномаи қабл аз интихоботии худ тавассути шабакаи телевизионӣ изҳор дошта буд.
Он замон вай ҳамчунин гуфта буд, ки худ аз авлоди Шайх Умари Бостонӣ, набераи Хӯҷа Аҳрори Валӣ (падари ахирӣ Сайид Убайдуллоҳ шаҷари худро ба Муҳаммад пайғамбар рабт медод, — идора) аст, вале аз ислом дар сиёсат ва таблиғот истифода намекунад.
Мавзӯъи омезиши ислом бо сиёсат бояд мукарраран дар Тоҷикистон баррасӣ шавад, гуфт он вақт сиёсатмадор.