ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Бемориҳои ҳамагири сироятӣ барои инсоният яке аз хатароти ҷиддӣ маҳсуб мешавад, изҳорб дошт раҳбари ширкати Microsoft Билл Гейтс, менависад хабаргузории РИА Новости бо истинод ба мусоҳибае, ки нашрияи Vox мунташир кардааст.
Миллирдери амрикоӣ а ин нукта низ таваҷӯҳ кард, ки паёмадҳои бемориҳои ҳамагир ҳамеша ба гунаи ҷангҳои бузург даҳшатноканд. Вай ёдовар шуд, ки ду ҷанги хонумонсози авоили қарни ХХ ба гунаи бемории испанка, ки дар пайи он беш аз 50 миллион нафар фавтидаанд, ҷони мардумро рабудаанд, менависад расона.
Расона таъкид мекунад, ки Гейтс пажӯҳише мабнӣ ба эҳтимоли густариши беморие ба гунаи испанка дар ҷаҳони имрӯза анҷом дода ва хулоса кардааст, ки он пайёмадҳои ваҳшатангезе хоҳад дошт. Тибқи пешбинии миллиардери амрикоӣ, ин бемории сироятӣ метавонист дар тӯли 250 шабонарӯз ҷони 33 миллион нафарро бубарад, менависад Vox.
"Ин беморӣ дар тӯли 60 шабонарӯз дар куллияи шаҳрҳои ҷаҳонӣ густариш меёбад. Чунин вазъ ҳатто дар замони густариши испанка мушоҳида нашуда буд", — иқтибос овардааст расона аз суханони Гейтс.
Ба эътиқоди миллиардер, дар ҷаҳони муъосир вазъи ногуворе ба амал омадааст, ки ба густариши доманадори сироят дар таърихи инсоният мунҷар мешавад. Омили аслӣ шароити зудтари интиқоли мардум дар куллияи ҷаҳон дар муқоъиса бо авоили қарни ХХ мебошад. Гурӯҳи пажӯҳишгарон зимни иҷрои дастури Гейтс мушшахас карданд, ки феълан мардум 50 маротиба бештар дар муқоъиса бо замони испанкаи солҳои 1918-1919 аз марзҳо убур мекунанд.
Дар суфуфи хатароти дигар ба инсоният Билл Гейтс аз ҷанги ҳастаӣ ном бурд, вале ба эътиқоди вай чунин эҳтимол ба инсоният дар даҳсолаҳои наздик таҳдид намекунад. Дар миёни хатароти дигар Гейт аз партобҳои вулқонҳо, зилзила ва хатароти порасангҳои кайҳонӣ ном бурд. Аммо Билл Гейтс муътақид аст, ки ҳеҷ яке аз хатароти табиъйӣ наметавонад ҷони беш аз 10 миллион нафарро бубарад, ҳарчанд бемориҳои сироятӣ чунин имконро доранд.