ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Дар ҳамойиши фарҳангии "Так-теке", ки аз 27- май то 3-июн дар Бишкек баргузор мешавад, театри лӯхтаки Душанбе низ ширкат дорад, менависад ОИ Авеста.
Театри лӯхтаки Тоҷикистон намоишномаи "Шуча"-и Владимир Масловро дар таҳияи ходими хизматнишондодаи фарҳанг Зафар Ҷаводов ба Бишкек бурдааст, меафзояд манбаъ.
"Ҷашнвора барои рушду такомули театрҳои миллии лӯхтак шароит фароҳам меорад ва дар аснои баргузории он табодули таҷриба миёни муассисаҳои фарҳангӣ сурат мегирад",- иброз доштаанд ҳамсӯҳбатони оҷонсӣ.
Ҳамзамон, дар чорчӯби ин ҳамойиши фарҳангӣ дарси маҳорати ҳунармандӣ (актёрӣ) ва тарзи ироаи баромади саҳнавӣ баргузор хоҳад шуд. Намоишномаҳо барои табақаи камбизоат ва кӯдакони имконияти ҷисмониашон маҳдуд ройгон намоиш дода мешаванд.
Ширкати гурӯҳҳои театрӣ аз Русияву Қазоқистону Қирғизистон низ дар назар аст.