ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи шароити ғайб задани фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикистон, полковник Гулмурод Ҳалимов бо ҷалби мутахассисони ВКД, Додситонии кулли Тоҷикистон ва КДАМ ситоди махсус таъсис ёфтааст, менависад "Радиои Озодӣ".
Дар ин бора рӯзи панҷшанбе сардори шӯъбаи равобити байнулмилалии Додситонии кулли Тоҷикистон Манучеҳр Маҳмудзода хабар додааст. Вай афзудааст, ки ин пажӯҳиш на танҳо навореро, ки рӯзи 27-уми май нашр шуд, балки ҳамаи маълумоти дигари ба гурӯҳи террористӣ пайвастани Ҳалимовро дар бар хоҳад гирифт.
Изҳороти мазкур дар ҳоле садо медиҳад, ки субҳи 28-уми май афсарон ва сарбозони Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и назди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, дар садади пахши як изҳоротанд, ки дар он рафтори фармондеҳи собиқи ин ниҳод, полковник ё сарҳанг Гулмурод Ҳалимов, ки дар паёме худро шарики гурӯҳи "Давлати исломӣ" номидааст, маҳкум карда мешавад.
Яке аз афсарон ба "Озодӣ" гуфтааст, вай ва ҳамхидматонаш баъд аз дидани навори видеоии Гулмурод Ҳалимов ба хулосае омаданд, ки рафтори Ҳалимов "хиёнат ба дину миллат ва ватан аст". Вай афзудааст, "аз сӯҳбати Ҳалимов дида мешавад, ки ӯ мағзшӯӣ ва бо маблағ худро ба ДОИШ фурӯхтааст".
Сардори ОМОН-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, полковник Гулмурод Ҳалимов, ки бино ба хабарҳо аз 23-юми апрели соли равон бедарак шуда, овозаҳое паҳн гашта буд, ки ба Сурия рафтааст, дар як навори видеоӣ мегӯяд, ба "Давлати исломӣ" пайвастааст ва бо "ҷиҳод" ба Тоҷикистон хоҳад баргашт.
Дар ин наворе, ки 12 дақиқа ва 20 сония тӯл дорад, Гулмурод Ҳалимов мегӯяд, аз рӯи ақида ва бо норозигӣ аз шеваи кори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита бо намоз ва либоси исломӣ ва ҳамчунин тамринҳои ҳарбияш дар Русия ва Иёлоти Муттаҳида ба ин роҳ рафтааст.
Ин навор, ки бо ишораи "Фурот" ва сифати баланд таҳия гаштааст, рӯзи 27-уми май, дар ҳоле нашр мешавад, ки масъулони Вазорати умури дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон мегуфтанд, қазияи нопадид шудани фармондеҳои ОМОН-и ҷумҳуриро пажӯҳиш мекунанд, вале дар бораи он ҳоло чизе гуфта наметавонанд. Дар зимн, пас аз чанд соати нашраш навори мазкур аз шабакаи YouTube пок карда шуд.