Шарҳи мақомот дар бораи "гумшавӣ"-и фармондеҳи “ОМОН”

Обуна шудан
Вазири умури дохилӣ мегӯяд, фармондеҳи “ОМОН” боздошт нашуда ва ба гуруҳи “Давлати исломӣ” напайвастааст.

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон хабари боздошти Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси ВКД ё "ОМОН"-ро бо шиносномаи тақаллубӣ дар Туркия рад кард, менависад хабаргузории "Озодагон".

Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: эҳтимоли боздошти фармондеҳи “ОМОН”

Ҷаноби Раҳимзода 20-уми май дар ҳошияи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон дар посух ба суоли хабарнигорон гуфтааст, хабари боздошт ва интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба Душанбе ягон асос надорад. Ӯ ҳамчунин эҳтимоли пайвастани фармондеҳи "ОМОН"-и Тоҷикистонро ба созмони террористии "Давлати Исломӣ" рад кард. Вазири умури дохилӣ аз шарҳи бештар дар бораи ин қазия худдорӣ карда, ваъда дод, ки баъдан тамоми паҳлуҳоро ба намояндагони омма ироа хоҳад кард.

Юсуф Раҳмонов, додситони кулли Тоҷикистон дар мавриди овозаҳо оид ба гумшавӣ ва пайвастани Гулмурод Ҳалимов ба "Давлати Исломӣ" изҳор дошт, ин масъаларо меомӯзанд ва дар сурати дарёфти маълумот аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ оғоз хоҳад шуд.

Ахиран, хабаргузории "Тоҷнюз" аз қавли манобеяш иттилоъ дод, ки Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси ВКД ё "ОМОН" бо шиносномаи тақаллубӣ дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Аз ин пеш хабаргузории "Азия Плюс" бо такя ба манобеи худ дар мақомот иттилоъ дод, полковник Ҳалимов вақтҳои охир ба фаъолияти созмони террористии "Давлати Исломӣ" майл дошта ва ҳудуди 10 шаҳрванди дигари кишварро ба ивази маблағ ба ин ҳаракат ҷалб намудааст.

Шоҳиди ҷангҳои “ДИ”: одамонро бе таҳқиқ мекушанд

Ин дар ҳолест, ки қаблан манобеи "Озодагон" дар мақомоти умури дохилӣ, хабари гумшавии полковник Гулмурод Ҳалимовро дурӯғ хонданд. Ҳалимов гум нашуда, балки дар рухсатии меҳнатӣ дар Туркия қарор дорад, гуфта буданд мақомот. Аммо пайвандони полковник Ҳалимов ба "Озодӣ" гуфтаанд, ӯ субҳи 23 апрел бо ваъдаи он ки пас аз 3 рӯз бармегардад, аз хона берун шуда, то ҳоло бенишон аст. Назир Ҳалимов, бародари 28-солаи Гулмурод Ҳалимов дар сӯҳбат ба ин радио нопадид шудани ӯро тасдиқ карда, гуфтааст, телефонаш хомӯш аст, аз худ хабаре надодааст, вале таъкид намуда, ҳаргиз дар андешае набуд, ки ба Сурия равад.

Гулмурод Ҳалимови 40-сола, ки тайи се соли охир вазифаи сардори Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ба уҳда дорад, соли гузашта бо фармони вазир унвони полковникиро гирифт. Ӯ, ки маълумоти олии ҳуқуқӣ дорад, барои шуҷоату мардонагӣ дар амалиётҳои гуногун дар минтақаҳои Тоҷикистон бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0