Тасмими Қирғизистон барои харидории барқи Тоҷикистон

© Flickr \ Daniel X. O'NeilХатти баландшиддати барқ. Акс аз бойгонӣ
Хатти баландшиддати барқ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қирғизистон сар аз аввали моҳи июн то моҳи сентябр аз Тоҷикистон 225 миллион киловатт/соат нерӯи барқ харидорӣ хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Қирғизистон интиқоли барқро аз Қазоқистон ба далели гарон буданаш қатъ карда, хариди барқро аз Тоҷикистон шурӯъ хоҳад кард, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

Ба иттилоъи манбаъ, Қирғизистон то ба ҳол аз нерӯгоҳи "Экибастуз"-и Қазоқистон як киловат/соат нерӯи барқро бо арзиши 3, 38 сом (5,7 сенти амрикоӣ) харидорӣ мекард.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонсиии давлатии идораи комплекси маводи сӯхт ва энержии "Қирғизистоноҷонсӣ", Бишкек  бо Душанбе ба тавофуқ расидаанд, ки як киловатт/соат нерӯи барқро аз Тоҷикистон бо нархи арзонтар 2,15 сом қирғизӣ ва ё 3,7 сентӣ харидорӣ кунад.   

Қаблан Тоҷикистон пешниҳоди Қирғизистонро дар масъалаи харидории ҳар киловатт-соат нерӯи барқи кишвар ба қимати 2 сенти амрикоӣ рад карда буд.

Сухангӯи иркати "Барқи тоҷик" Нозирҷон Ёдгорӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти кишвари ҳамсоя хостааст, ба ҳар киловатт-соат нерӯи барқаш севуним сентӣ пардохт намояд.

"Онҳо хуб медонанд, ки дар фасли тобистон мо барқи зиёдатӣ дорем, аз ин рӯ нархро арзон карданӣ шуданд. Вале мо ризоят надодем. Гуфтем, агар бихоҳанд севуним сентӣ пардохт кунанд. Онҳо дар посух гуфтанд, фикр мекунем ва рафтанд",- илова карда буд оқои Ёдгорӣ.

Тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон сари нархи нерӯи барқ дар ҳолест, ки бино ба маълумоти Вазорати энержӣ дар фасли тобистон маҷрои дарёи Вахш ба 2 ҳазор метри мукааб об дар як сония мерасад. Аммо барои тавлиди нерӯ танҳо 700 кубометри он сарф мешаваду бас.

Соли гузашта Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба Қирғизистону Афғонистон 1,3 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ фурӯхта буд.  

Лентаи хабарҳо
0