Ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбӣ дар дараи Ромит

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбӣ дар дараи Ромит
Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбӣ дар дараи Ромит - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президент таъкид доштааст, 93 дарсади ҳудуди Тоҷикистонро куҳҳо ташкил медиҳанд, аз ин хотир ба омодагии куҳии ҷузъу томҳои низомӣ ва воҳидҳои махсуси сохторҳои қудратӣ бояд таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ 26 май аз мавзеи Марғоби дараи Ромит дидан намуда, машқгоҳи ҳарбии куҳиро мавриди истифода қарор додааст, менависад сомонаи президент.

Бо ширкати раисҷумҳур лентаи рамзии ин машқгоҳи ҳарбии куҳӣ, ки барои машқу тамрин ва машғулиятҳои омодагии куҳӣ барои ҷузъу томҳои низомӣ ва воҳидҳои махсуси сохторҳои қудратӣ муҳим аст, бурида шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Президент таъкид доштааст, 93 дарсади ҳудуди Тоҷикистонро куҳҳо ташкил медиҳанд, аз ин хотир ба омодагии куҳии ҷузъу томҳои низомӣ ва воҳидҳои махсуси сохторҳои қудратӣ бояд таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.

"Дар ин ҷо тамоми шароити зарурӣ барои будубоши тӯлонӣ ва ё доимӣ ва барои ташкил ва гузарондани машғулиятҳои омодагии кӯҳӣ, аз ҷумла кӯҳнавардӣ, обутоби ҷисмонӣ ва рӯҳӣ дар шароити душвори кӯҳистон, ба муддати тӯлонӣ зинда мондан дар ҳолатҳои муҳосира ва ё дур мондан аз марказҳои таъминотӣ ва ҳамчунин машғулиятгоҳҳои махсус барои задухӯрдҳои танбатан бо усулҳои гуногун ва тирпаронӣ аз намудҳои гуногуни яроқу аслиҳа омода гардидааст", — менависад сомона.

Ба иттилои манбаъ, дар ин машқгоҳ ба наздикӣ машқҳои муштараки ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ ва воҳидҳои махсуси мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Чин ташкил мешавад ва рафти онро вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мушоҳида хоҳанд кард.

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки ҳамаи сохторҳои қудратию воҳидҳои низомӣ аз ин мавзеъ барои омодасозии ҷузъу томҳои махсус ва куҳнавардии худ васеъ истифода намоянд.

Лентаи хабарҳо
0