Воридот ба Тоҷикистон 21% коҳиш ёфтааст

© Официальный сайт ТАЛКОКорхонаи алюминийи тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Корхонаи алюминийи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, воридоти Тоҷикистон ҳудуди $237,8 доллар, ё муодили 21% коҳиш ёфта, содирот 3,4% афзоиш ёфтааст.

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Ҳаҷми воридот ба Тоҷикистон дар давраи январ-апрели соли 2015 то 21% коҳиш ёфта, ба 1 миллиарду 30,4 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст, иттилоъ медиҳад сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон.

Ҳамзамон, Агентии омори Тоҷикистон тасдиқ мекунад, ки ҳаҷми содироти мол дар моҳҳои январ-апрели соли равон $289  млн-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ $9,5 млн, ё 3,4 фоиз зиёд мебошад.

Қатор дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон – воридот коҳиш ёфта ва содирот афзудааст

Ҳаҷми воридот бошад, дар давраи ҳисоботӣ $1030,4 миллион-ро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 273,8 миллион доллар, ё 21 фоиз кам аст.

Шарикони асосии Тоҷикистон дар масири содирот Швейтсария-27%, Туркия- 26% ва Қазоқистон- 18% мебошанд. Русия бо 28 дарсад, Чин- 17%, Қазоқистон-13%, Швейтсария-5%, Литва-5%, Эрон- 4%, Туркия- 3,4% ва ИМА бо 3 фоиз дар ҷадвали содирот мавқеъ доранд.

Лентаи хабарҳо
0