ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо бархе аз кишварҳои ИДМ дар моҳи аввали соли 2015 ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфта, вале ҳамзамон мизони тиҷорат бо Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Туркманистон афзоиш пайдо кардааст, хабар медиҳад Оҷонсии омори назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон.
Мизони табодули колои Тоҷикистон бо панҷ кишвари ИДМ — Русия, Озарбойҷон, Белорус, Украина ва Қазоқистон ба сурати чашмрас коҳиш ёфтааст.
Бо Русия табодули коло дар моҳи январ ба маблағи $85 миллион сурат гирифтааст, ки ба 12% камтар аз омори ҳамин давраи соли гузашта аст. Вале коҳиши бештар дар тиҷорат бо Озарбойҷон мушоҳида шудааст — $346,8 ҳазор, ки ба 96,1% камтар аз омори моҳи январи соли 2014 мебошад.
Бо бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ беҳбуди раванди тиҷорати Тоҷикистон мушоҳида шудааст.
Ба унвони мисол, болоравии мизони тиҷорат бо Ӯзбакистон дар 8-9 соли ахир сабт шудааст, ҳарчанд ин омор дар муқоъиса бо кишварҳои дигар андак унвон мешавад. Дар моҳи январ содирот ба ин кишвари ҳамҷавор маблағи $71,8 ҳазор ва воридот аз ин кишвар муъодили $7,2 ҳазор буд. Ин дар ҳолест, ки дар омори Ожонсӣ феҳрасти колоҳои воридотӣ ва содиротӣ зикр нашудаанд.
Тиҷорат бо Қирғизистон ба 33,1% афзоиш ёфтааст, вале дар муқоъиса бо Ӯзбекистон мизони воридот — $1 миллиону 150,7 ҳазор, воридот дар ҳаҷми танҳо $495 ҳазор шудааст. Бо Туркманистон мизони тиҷорат ба 35,2% афзоиш ёфта маблағи $5,6 миллион шудааст, вале бо Қазоқистон коҳиши 31% мушоҳида шудааст.
Ба таври қобили мулоҳиза мизони тиҷорат бо Украина — 30% ($2,8 миллион дар моҳи январ) коҳиш ёфтааст. Афзоиши бештари тиҷорати хориҷӣ бо Молдова — 3,9 маротиба ва ба маблағи $97,3 ҳазор афзоиш ёфтааст.
Дар маҷмӯъ тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар моҳи январи соли 2015 ба маблағи ҳудуди $144,9 миллион сурат гирифтааст, ки 22,9% ($42,9 миллион) камтар аз ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Маъмулан коҳиш дар пайи кам шудани воридот, ки дар ин муддат ба маблағи $251 миллион ё 22,4% ($72,3 миллион) камтар аз омори моҳи январи соли 2014 мебошад.
Содироти коло дар моҳи январи соли 2015 баръакс ба 31,9% ($93,8 миллион) афзоиш ёфтааст.
Дар маҷмӯъ, дар моҳи январи соли 2015 мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон $344,8 миллион шуд, ки нисбати моҳи январи соли 2014 12,6% ($49,6 миллион) камтар мебошад.
42% тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2015 бо кишварҳои ИДМ ва 58% бо кишварҳои хориҷии дур мутобиқ аст.