Алайҳи “иҷозатнома”-и ришу ҳиҷоб парванда боз шуд

© Sputnik / Амир ИсаевПрокуратураи генералии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Прокуратураи генералии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи омода ва паҳн кардани иҷозатномаи қалбакӣ аз номи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар бораи доштани ришу ҳиҷоб парванда боз кардааст.

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи таҳия ва паҳн кардани иҷозатномаи қалбакӣ дар бораи доштани ришу ҳиҷоб аз номи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ парванда боз кардааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Девушки прогуливаются на проспекту Рудаки. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон тақаллубкорон барои ришмонӣ ва ҳиҷоб “иҷоза” медиҳанд

Дафтари матбуоти Додситонии кулл рӯзи 18 май бо тасдиқи хабар ба радио гуфтааст, ҳодиса аз рӯи моддаҳои 189, қисми 1 ва 340 қисми 2, банди "в"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон пайгирӣ мешавад.

Моҳи апрели соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, ду акс бо номи Бойматов Иномҷон Шаҳобович ва Ахмедова Нигора Рустамовна пайдо шуд ва муаллифонашон гуфтанд, ки гӯё барои ришгузорӣ ва ҳиҷоб пӯшидан иҷозатномаи Кумитаи дин зарур аст ва қимати ин санад баробари 250 сомонист.

Масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, ин аксҳо аз сӯи афроди номаълум бо истифода аз техникаи компютерӣ сохта шуда, "муаллифон"-аш ба барангехтани кинаю адовати динӣ ва паст задани шаъну эътибори миллии Тоҷикистон муттаҳам мешаванд. Парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ин иҷозатномаи қалбакӣ рӯзи 18 май боз шудааст ва мақомот гуфтанд, ки таҳқиқ идома дорад.

Дар охирҳои моҳи апрели соли ҷорӣ Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон низ овозаҳо дар бораи "ситондани андоз барои риш ва ҳиҷоб"-ро дурӯғ ва фитна донист. Ин ниҳод бо пахши изҳорот гуфт, ҳаргиз ба чунин иқдом даст назадаанд ва, ба қавли онҳо, "афроде мехоҳанд миёни мардум фазои нобовариро эҷод кунанд".

Масҷид - Sputnik Тоҷикистон
Маркази исломшиносӣ: ҷавонони ғаюри мо ришро ҳангома накунанд

Ҳатто онҳо бо зикри суроғаи ин ниҳод ва телефонҳои боварӣ аз шаҳрвандони кишвар хоста буданд, агар ба чунин ҳолат дучор оянд, ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Ин аксҳо ба дунболи иҷборӣ тарошидани риши бархе аз мардон дар навоҳии кишвар ва маъракаи аз ҳиҷоб ба либоси миллӣ гардонани занони тоҷик пайдо шуд. Вале мақомот гуфтанд, ин маъракаҳо бо дастури онҳо роҳандозӣ нашудааст ва Вазорати умури дохилӣ ҳам аз муҷозоти ду маъмури пулис дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ дар робита ба риштарошии иҷбории мардон хабар дод. Икром Умарзода, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт буд, вазорат ба тарошидани риши сокинон супориш надодааст ва агар касе ҳам ин корро карда худсарона кардааст.

Лентаи хабарҳо
0