СБП ба Қирғизистон $ 92 миллион ихтисос медиҳад

© Flickr \ Javier Ignacio Acuña DitzelБинои СБП дар Вашингтон. Акс аз: Flikr.com
Бинои СБП дар Вашингтон. Акс аз: Flikr.com - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
СБП ба ин умед аст, ки маболиғи ихтисосшуда ба коҳиши шиддати мушкили осебпазирии иқтисодӣ, ки аз вазъи номусоиди минтақавӣ ва бастагӣ аз арзиши тилло ва маболиғи интиқолоти пулӣ бармеояд, мусоидат мекунад.

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Шӯрои иҷроияи Сандуқи байналмиллалии пул (СБП) таъаҳуддотро дар бораи наҳваи қарздиҳӣ ба маблағи $92,4 миллион барои кӯмак ба Қирғизистонро тасвиб кард, омадааст дар баёнияи СБП.

СБП ва Қирғизистон дар бораи таъйиди маблағи муодили 66,6 миллион СДР (ҳудуди $92,4 миллион) барои се сол дар чорчӯби наҳваи тавсеъаёфтаи қарздиҳӣ тавофуқ карданд.

"Ин амр имкон медиҳад, ки сареъан маблағи 9,514 миллион СДР (ҳудуди $13,2 млн) ихтисос дода шавад ва маболиғи боқимонда дар мӯҳлати иҷрои ин барнома вобаста ба натоиҷи иҷрои нимсолаи он ироъа мешавад".

Зикр мешавад, ки барномаи ҷадиде, ки аз сӯйи захойири сандуқ сармоягузорӣ мешавад, заминаи иқтисодие барои талошҳои мақомот барои коҳиши шиддати осебпазирии иқтисодии вобаста за вазъи ногувори минтақавӣ ва коҳиши арзиши тилло ва маболиғи интиқолӣ хоҳад шуд.

Муовини мудири танзимгари шӯрои иҷроияи СБП Мин Ҷу зикр кард, ки новобаста аз нишондодҳои мусбати Ҷумҳурии Қирғизистон дар чорчӯби тавофуқот дар бораи наҳваи тавсеъаёфтаи сармоягузорӣ барои солҳои 2011-2014, бархе аз масоил ҳалношуда боқӣ мондааст, ки дар миёни онҳо мизони баланди қарзи хориҷӣ мебошад.

"Ба ин мушкилот вазъи ногувори иқтисодии минтақавӣ, ки ба рушди кишвар асароти номатлуб мегузорад, мизони баланди қарзҳои хориҷии кишвар, ки дар пайи барномаҳои фарохони сармоягузорӣ ҷамъ шудаанд, замони гузариш барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва бастагии сангини кишвар аз арзиши тилло, интиқолоти пул ва кӯмакҳои хориҷӣ аст", — гуфт вай.

Бахши бонк. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
СБП коҳиши 30% мизони интиқолҳои пулӣ ба Тоҷикистонро пешбинӣ кард

Мусаллам аст, ки СБП ба кишварҳо қарзҳо ироъа мекунаду ҳамзамон дар назди ҳукуматҳои ин кишварҳо барои танзими иқтисод ва ба низом овардани он шартҳое мегузорад. Дар мавриди Қирғизистон, сандуқ чанд наҳваи ҳамкориро мушшахас кардааст, ки дар миёни онҳо муттамарказ кардани маболиғи будҷа дар соли 2015 аст.

Ин амр ба будҷа имкон медиҳад, ки асароти номатлуби вазъи иқтисодии минтақавиро ҷуброн кунад, ҳарчанд тамаркузи фаъоли будҷа дар соли 2016‒2017 мизони қарзҳои хориҷиро дар вазъи муносиб нигаҳ хоҳад дошт.

Барои ҷилавгирӣ аз рушди сареъи мизони қарзҳои хориҷӣ дар оянда зарур аст, ки барномаи дарозмуддати танзими қарзҳо бо дарназардошти бозрасии барномаҳои давлатии сармоягузорӣ таҳия ва иҷро шавад.

Ба ҷуз аз ин, ба кишвар зарур аст, ки назорати бонкиро тақвият дода ва авомили осебпазириро, ки ба афзоиши сареъи қарзҳо, мизони баланди долларкунонии иқтисод ва "коҳиши" пули миллӣ марбут аст, ҷилавгирӣ кунад.

Бинои СБП дар Вашингтон. Акс аз:  Flikr.com - Sputnik Тоҷикистон
СБП ба Украина $17,5 млрд медиҳад

Дар фаъолияти Бонки марказии Қирғизистон ҳамчунон ба масоили нигаҳдории қимматҳо бо кӯмаки сиёсати тоза роҳандозишудаи пуливу қарзӣ тамаркуз мекунад. Бонк ҳамчунин ба манзури нарм кардани ҷаҳишҳо ҳамалоти арзиро идома медиҳад, вале аз раванди воқеъии қурбҳо монеъ намешавад.

Ислоҳоти сохторӣ, ба таъкиди СБП, ба мусоидат барои рушди ҳамаҷониба бо зербанҳои васеъ ва коҳиши фақр бо кӯмаки ислоҳоти низоми андоз, тақвияти раҳбарии маболиғи давлатӣ, беҳтар кардани фазои тиҷоратӣ барои сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ ва муқобала бо фасод сурат мегиранд.

Лентаи хабарҳо
0