СБП ба Украина $17,5 млрд медиҳад

© Flickr \ Javier Ignacio Acuña DitzelБинои СБП дар Вашингтон. Акс аз: Flikr.com
Бинои СБП дар Вашингтон. Акс аз:  Flikr.com - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созишнома дар мавриди тахсиси 17,5 миллиард доллари амрикоӣ барои чор сол ба имзо расидааст. Аммо ин санад ҳанӯз аз сӯи мудирияти Сандуқи байналмиллалии пул тасдиқ нашудааст.

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Хазинаи байналмилалии Асъор, ё ба истилоҳ ХБА (СБП) ва Украина дар мавриди тавсеъаи барномаи кӯмак ба ин кишвар ба тавофуқ расидаанд, гуфт Кристин Лагард, сарвари ин ниҳоди молӣ аснои нишасти матбуотӣ. Дар ин бора РИА Новости иттилоъ медиҳад.

"Ман хеле шодам, ки ин музокирот (гуфтушунид дар мавриди кӯмакҳо) анҷом ёфтанд. Тавофуқи қаблӣ аллакай ба даст омад, барои дастгирии иқтисоду саноати Украина ҳудуди 17,5 миллиард доллар ҷудо хоҳад шуд. Ин барнома барои чор соли баъдӣ аст",- гуфт Лагард.

Гуфта мешавад, ин санад ҳанӯз аз сӯи мудирияти Сандуқи байналмиллалии пул тасдиқ нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0