СБП коҳиши 30% мизони интиқолҳои пулӣ ба Тоҷикистонро пешбинӣ кард

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкБахши бонк. Акс аз бойгонӣ
Бахши бонк. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба эътиқоди намояндагони СБП дар Тоҷикистон коҳиши мизони воридоти интиқолҳои пулӣ ба Тоҷикистон аз Русия ба дунболи коҳиши иқтисод дар Русия, ки ба ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ таъсир мегузорад, сурат хоҳад гирифт.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Мизони интиқоли пул ба Тоҷикистон дар соли 2015 дар муқоиса бо соли 2014, ки ба кишвар $3,9 миллиард ворид шуда буд, 30% коҳиш меёбад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба намояндаи СБП дар Тоҷикистон Айдин Биболов.

Коҳиши интиқолҳои пулӣ ба дунболи коҳиши мизони иқтисоди Русия, ки ба ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон асар мегузорад, сурат хоҳад гирифт.

"Дар соли 2015 бояд кундии рушди иқтисодӣ ва фишорҳо ба қурби сомонӣ, ки феълан мо онро мушоҳида мекунем, интизор шуд. Интиқолҳои пулӣ бахши муҳими иқтисоди Тоҷикистон аст, ки ба аҳолӣ кӯмаки чашмраси моддӣ мекунаду барои харидории бештари маводд ва хадамот мусоъидат карда мизони тавлидоти нохолиси миллиро боло мебарад", — гуфт Биболов.

Ҳамчунин, ба гуфтаи намояндаи СБП, интиқолҳои пулӣ сарчашмаи аслии воридоти арзӣ ба кишвар аст ва коҳиши он дар соли 2014 ба пойин рафтани рушди иқтисодӣ ва камбуди маболиғ дар кишвар мунҷар шуд.

Доллар ва рубли русӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ: ба Тоҷикистон $3,9 миллиард интиқол ёфтааст

Намояндаи СБП ба сокинони Тоҷикистон машварат дод, ки дар замони бӯҳронӣ пасандозҳои худро дар он арз ва шакле ҳифз кунанд, ки бозгӯйи талаботи феълӣ ва ояндаашон бошад.

Бонки миллии Тоҷикистон арқоми воридоти интиқолҳои пулӣ ба кишвар дар соли 2014-ро эълом кард — $3,9 миллиард, ки нисбати соли 2013 8,9% камтар аст. Ин маблағ муодили ҳудуди 45% мизони тавлидоти нохолиси кишвар дар соли 2014 мебошад.

"Коҳиши мизони интиқолҳои пулӣ ба коҳиши қиммати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ, таҳримоти сиёсӣ ва иқтисодии Ғарб алайҳи Русия ва коҳиши чашмраси қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА бастагӣ дорад. Ин авомил ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир гузоштааст", — изҳор дошт раиси Бонки миллӣ Абдуҷаббор Ширинов.

Дар гузориши СБП дар моҳи январи соли 2015 зикр шудааст, ки коҳиши сареъи рубли русӣ низ ба коҳиши арзиши интиқолҳои пулӣ аз Русия мунҷар шудааст, ки дар иқтисоди бархе аз кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон нақши умда доранд. Ҳамчунин маболиғи интиқолҳои пулӣ дар пайи коҳиши худи иқтисод ва эҳтимолан дар пайи кам шудани теъдоди коргарон аз ҷумлаи муҳоҷирони корӣ аз ин манотиқ рух додааст.

Лентаи хабарҳо
0