ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат — Ёвони роҳи оҳани Душанбе — Қурғонтеппа дидан кард, менависад оҷонсии TojNews.
Вай 8-уми апрел аз ибтидои роҳи оҳан дар мавзеи Элок то истгоҳи роҳи оҳани Ёвон аз тамоми қитъаҳои сохтмонӣ дидан кардааст.
Бино ба иттилои расмӣ, "дар давоми се моҳи соли равон дар масофаи 1,5 км қисмати болоии роҳ омода шудааст".
Барои бунёди ин роҳ ширкатҳои хориҷӣ аз ҷумла чинӣ ва эронӣ ҷалб шудаанд. Гурӯҳи "Ширкати 19-уми" Ҷумҳурии мардумии Чин масъули бунёди нақбу пулҳои қитъаи Ваҳдат-Ёвон мебошад.
Сохтмони хатти роҳи оҳани "Душанбе-Қӯрғонтеппа" ҳанӯз моҳи марти соли 2009 шурӯъ шуд ва аз соли 2010 баъди монеагузориҳои Ӯзбакистон дар рафтуомади қаторҳои вилояти Хатлон корҳои сохтмонӣ дар ин масир ҷоннок гардид. Аммо то ҳол, бо гузашти қариб 6 сол ин хатти роҳи оҳан бунёд нашудаст.
Ахиран, Президент дастур додааст, ки роҳи мазкур то моҳи сентябри соли 2016 дар остонаи таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
Аз ҷоннок кардани корҳои сохтмонӣ дар роҳи оҳани мазкур дар ҳоле хабар медиҳанд, ки Маҷлиси намояндагон 14-уми январи соли равон барои идомаи бунёди роҳи мазкур Созишномаи қарзи имтиёзнок миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Чин оид ба "Сохтмони роҳи оҳани Душанбе —Қурғонтеппа дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон"-ро ба тасвиб расонид.
Чин барои бунёди ин роҳ 68 миллион доллар қарзи имтиёзнок медиҳад, ки Тоҷикистон бояд дар давоми 25 сол баргардонад.
Ин хатти роҳи оҳан аз ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Ёвон мегузарад. Ҳанӯз аз замони Шӯравӣ хатти роҳи оҳан аз Душанбе то мавзеи Элоки ноҳияи Ваҳдат мавҷуд буд. Аз тарафи Қӯрғонтеппа, то Заводи кимиёвии ноҳияи Ёвон низ хатти роҳи оҳан кашида шуда буд.
Барои пайваст намудани хатти роҳи оҳан аз мавзеи Элоки ноҳияи Ваҳдат то Заводи кимиёвии тоҷик ҳамагӣ 40 километру 700 метр хатти роҳи оҳан бунёд намудан лозим аст.
Қаблан эълон карда буданд, ки тарҳи лоиҳавии ин роҳ 129 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.