ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Мақомот дар шаҳри Хуҷанд аз бархе аз ошхона ва тарабхонаҳо овезаҳои "Овардан ва нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ манъ аст!"-ро барчидаанд, менависад "Радиои Озодӣ".
Ин иқдом аз сӯи идораи "Тоҷикстандарт" дар вилояти Суғд дар пайи гӯё муроҷиати иддае аз сокинони шаҳри Хуҷанд, сурат гирифтааст.
Шамсиддин Намозов, масъули шӯъбаи нозироти савдои идораи "Тоҷикстандарт" дар вилояти Суғд, рӯзи чоршанбеи 8 апрел ба "Озодӣ" гуфтааст, ки "бархе аз сокинон ба "Тоҷикстандарт" муроҷиат карда ва гуфтаанд, ки чунин навиштаҷот ва овезаҳо дар ошхонаҳо ва ресторанҳо мояи нороҳатии онҳо мешавад. Ба ин далел, гурӯҳи корӣ ташкил шуда ва зимни боздид аз ошхонаву ресторанҳо, барчидани ин гуна овезаҳо ва навиштаҷотро пешниҳод кардем."
Ҳамакнун барчидани овезаҳои "Овардан ва нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ манъ аст!" дар ошхонаҳову тарабхонаҳои воқеъ дар шаҳри Хуҷанд шурӯъ шуда ва идораи "Тоҷикстандарт" ҳам дастур додааст, то дар дигар шаҳру ноҳияҳо ин гуна овезаҳо барчида шаванд.
Намозов, масъули "Тоҷикстандарт" дар вилояти Суғд мегӯяд, ниҳоди онҳо ин иқдомро худсарона рӯи даст нагирифтааст, балки муроҷиатҳои бештари сокинон водор кардааст, то барои барчидани ин гуна овезаҳо дастур диҳанд.
"Ин амр ба ҳеҷ ваҷҳ ба маънии ташвиқи шаробхорӣ дар миёни сокинон набуда ва бо ин амал мо ба ҳеҷ ошхона ва тарабхона дастур надодаем, ки нӯшокиҳои спиртиро фурӯшанд ва ё мизоҷон бо худ биоранд", — гуфтааст Намозов.
Дастури идораи "Тоҷикстандарт" дар мавриди барчидани овезаҳои "Овардан ва нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ" даро ҳолест, ки бо мазҳабӣ шудани аксари ҷомеаи Тоҷикистон дар чанд соли ахир ин гуна навиштаҷот болои ошхонаҳо ва тарабхонаҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон, ба хусус шаҳри Душанбе бештар шудааст.
Соҳибони ин ошхонаҳо овардани нӯшокии спиртӣ аз тарафи мизоҷонро қатъиян манъ карда ва ҳатто дар баъзе аз ошхонаҳо нӯшокиҳои спиртӣ дар номгӯи хӯрок ва анвои нӯшиданӣ ворид накардаанд.
Зимнан, дар Тоҷикистон ҳоло 24 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти спиртӣ фаъолият доранд, ки солона ҳудуди 100 ҳазор декалитр машруботи спиртӣ истеҳсол мекунад. 100 декалитр баробари як тонна аст. Аммо ба гуфтаи соҳибназарон, дар солҳои 80-уми асри гузашта Тоҷикистон 13 миллион декалитр шароб ё май истеҳсол мекард, ки аксараш ба хориҷа содир мешуд. Барои мисол, майи машҳури "Ғончӣ" дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ соҳиби 19 медали сифат шуда буд. Дар муқоиса бо замони шӯравӣ, истеҳсоли шароб дар Тоҷикистон 200 маротиба поён рафтааст.