ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи кишвар бо иттиҳоми фаъолият дар созмони табӯшудаи "Салафия" дар Тоҷикистон 11 нафарро дар вилояти Суғд дастгир кардааст, менависад СА-News бо истинод ба як манбаъ дар ВКД.
Маврид ба ёдоварист, фаъолияти ҳаракати "Салафия" моҳи декабри соли 2014 дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуда, он ҳамчун ҷунбиши ифротгароӣ муаррифӣ гардид.
Ба қавли манбаъ, ҳамаи боздоштшудагон сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мебошанд.
Ба ашхоси боздоштшуда бо ҷурми ташкили созмони ифротгароӣ, мушорикат дар кори созмон ва таблиғи ифртотгароёна айб эълом шудааст.