Ҷустуҷӯи ҷасади ҳашт сокини Яккабед аз сар гирифта шуд

© Sputnik / Виктор КлюшкинОқибати ярч (лағшиши кӯҳ). Акс аз бойгонӣ
Оқибати ярч (лағшиши кӯҳ). Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҷустуҷӯи ҳашт сокини дигари Яккабеди Файзобод, ки дар зери ярч мондаанд, аз сар гирифта шудааст. Рӯзи шанбе намози ҷанозаи онҳо хонда шуда ҷустуҷӯяшон қатъ гардида буд.

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, рӯзи 6 апрел ҷустуҷӯи ҷасади ҳашт сокини дигари Яккабеди ноҳияи Файзобод, ки дар зери ярч мондаанд, аз сар гирифта шуд, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".

Мақомот: дар Файзобод дасти кам то 10 нафар зери хок мондааст

Ба иттилои масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҳоло барои аз зери хок берун овардани ҷасадҳо ба деҳаи Яккабед панҷ ҳазор литр сӯзишворӣ, ду трактор, мошинҳои тамғаи "УАЗ" ва "Нива" фиристода шудааст.

"То ҷои хокрезиш, ки ҷони 10 нафарро гирифт, роҳи мошингард боз карда шуд ва ҳукумати Тоҷикистон сӯзишворӣ ва ҳукумати ноҳияи Файзобод ду трактори Т75 ва Т100 фиристод", гуфтааст Ориф Нозимов, сухангӯи кумита.

Бар илова, ба гуфтаи Нозимов, панҷ мошини тамғаи "УАЗ", як "Нива" ва хаймаҳо барои гурӯҳи наҷотбахш низ ирсол шудааст.

"17 наҷотбахш низ ба ҷустуҷӯи ҷасадҳо ҷалб шуданд", — афзудааст Нозимов.

Қаблан кумита ба деҳаи Яккабед 36 сарбози қисми низомии марбут ба ин ниҳодро фиристода буд.

"Корҳои ҷустуҷӯӣ идома дорад ва бояд ҷасади 8 нафаре, ки то ҳол дар зери хок ҳастанд, пайдо карда шавад", — таъкид кардааст сухангӯи кумита.

Рӯзи 3 апрели соли ҷорӣ бар асари лағзиши як теппа дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод даҳ нафар, ки ҳашт тани онҳо ҷавонанд, зери хок монданд. Мақомот гуфтанд, шоми ҷумъа ду нафари онҳо — Маҳмад ва Шодмон Умаровҳоро, ки бо ҳам хешутабор будаанд, аз зери хок берун оварда, дафн кардаанд, аммо аз ҳашт нафари боқимонда ҳанӯз ному нишоне нест.

Дар ҳоле ки то ҷои ин хокрезиш роҳи мошингард набуд, рӯзи шанбеи 4 апрел мардум бо дасту белу каланд хостанд, хокро яктарафа карда, ҷасадҳоро берун оранд, аммо ба ин кор ноил нашуданд.

Оқибати ярч. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Барои қурбониёни офати табиӣ аз фонди президент кӯмакпулӣ ҷудо шуд

Баъдан мақомот ва имомхатибони минтақа ба натиҷае расиданд, ки намози ҷанозаи ҳашт нафари боқимонда дар ҷои ҳодиса хонда шуда, ҷустуҷӯи ҷасадҳояшон қатъ гардад. Мақомот мегӯянд, ҳоло ки роҳ кушода шудааст, талош хоҳанд кард, ҷасадҳоро пайдо ва ба наздиконашон супоранд.

Ин афрод замоне зери хок монданд, ки қасд доштаанд, қубури обрасон ба деҳаашонро таъмир кунанд. Зеро, ба қавли сокинони Яккабед, бинобар осеб дидани қубур ба деҳаи онҳо об ба душворӣ мерасид.

Бахтиёр Худоёрзода, раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, ки рӯзи чоруми апрел дар маҳалли ҳодиса бо сокинон сӯҳбат мекард, гуфт, дар зери хок мондани даҳ сокини Файзобод барои кишвари мо фоҷиа аст. Ӯ афзуд, ҳукумат сокинонро дар ин рӯзҳо танҳо намегузорад ва таъкид дошт, ки ба ҳар кадом оилаи қурбониёни ярч аз бунёди захиравии раисиҷумҳур 10 ҳазор сомонӣ дода шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳам мегӯяд, то кунун ба хонаводаи қурбониён 1 тонна орд, 500 кило биринҷ ва 500 кило шакару 250 кило равған дода шудааст. Бахтиёр Худоёрзода, раиси дастгоҳи иҷроияи президент, дар сӯҳбаташ бо сокинони Яккабед гуфт, ба мақомоти ноҳия дастур шудааст, то қубури обрасони онҳоро таъмир ва дастрасии сокинон ба обро осонтар кунад.

То кунун раҳбарони ҳизби коммунист, наҳзати исломӣ ва аграрии Тоҷикистон ба хонаводаи қурбониён изҳори ҳамдардӣ ва кумак кардаанд. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон низ рӯзи 6 апрел бо нашри як нома ба таври фоҷиавӣ ҳалок шудани даҳ сокини Файзобод, ки ҳашт тани онҳо ҷавонанд, изҳори андӯҳ кард.

Лентаи хабарҳо
0