Мақомот: дар Файзобод дасти кам то 10 нафар зери хок мондааст

© wikimedia.org / Гузариш ба медиабонкКӯҳҳо. Акс аз бойгонӣ
Кӯҳҳо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дасти кам 10 нафар аз сокинони рустои Яккабеди ноҳияи Файзобод бар асари фуруд омадани куҳпора, зери хок мондаанд.

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Бар асари лағзиши як теппа дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод, дасти кам то даҳ нафар зери хок мондааст, менависад "Радиои Озодӣ"

Мақомоти тоҷик тасдиқ карданд, ки бар асари лағзиши як кӯҳпора дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод "дасти кам то даҳ нафар" зери мондааст. Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, ҷасади даҳ нафар аз зери хок бароварда шудааст. Ба гуфтаи Нозимов ин ҳодиса имрӯз, соати 13:10 дақиқа ба вақти маҳаллӣ рух додааст.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон афзуд, ки ҳоло гурӯҳи наҷотбахши Кумита ба маҳалли ҳодиса рафтаанд

"Мо ҳоло сабабҳои ба вуқӯъ пайвастан ва чӣ гуна рух додани ин ҳодисаро меомӯзем", — гуфтааст Нозимов.

Ба гуфтаи масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулдода, сабаби ҳодиса ин буда метавонад, ки  сокинон мехостаанд қубури обгузар ба деҳаро тариқи ҳашар таъмир кунанд. Аз тарафи маркази наҷотдиҳии Кумита соати 14:30 дақиқа 8 нафар наҷотдиҳанда ба ҷои ҳодиса расида, то кунун даҳ нафар аз зери ярч берун карда шудаанд ва эҳтимол дорад аз ду то панҷ нафари дигар он ҷо боқӣ монда бошад.

Исми афроди аз зери ярч берун шуда ин аст:

Алимардонов Шодмон, соли тавалудаш 1990

Умаров Маҳмад, соли тавалудаш 1987

Одинаев Худойбердӣ, соли таваллудаш 1963

Абдуллоев Исломиддин, соли тавалудаш 1989

Ҷалилов Саид, соли тавалудаш 1997

Кабиров Далер, соли тавалудаш 1998

Нуров Фахриддин, соли тавалудаш 1986

Толибов Мақсуд, соли тавалудаш 1996

Қурбонов Наим, соли тавалудаш 1979

Шодиев Мақсад, соли тавалудаш 1986

Лентаи хабарҳо
0