Барои қурбониёни офати табиӣ аз фонди президент кӯмакпулӣ ҷудо шуд

© Sputnik / Виктор КлюшкинОқибати ярч. Акс аз бойгонӣ
Оқибати ярч. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокинони деҳа бо мақсади таъмири қубури обгузар ба саргаҳи об рафтаанд, аснои кор дар он ҷо лағшиши кӯҳпора ба вуқӯъ пайваст. Дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳукуматӣ фаъолият дорад.

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Аз фонд ё бунёди захиравии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳар кадом оилаи даҳ қурбонии ярч дар ноҳияи Файзобод 10 ҳазор сомонӣ, яъне дар маҷмӯъ, 100 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ дода шудааст, иттилоъ медиҳад ОИ Авеста.

Ҳодиса тахминан дар соатҳои 13-14 рӯзи ҷумъа дар рустои Яккабеди ноҳияи Файзобод иттифоқ уфтод. Ярч даҳ тан аз сокинони маҳаллиро, ки саргарми кор дар саргаҳи қубури обгузар буданд, зери хоку лой кард.

Мақомот: дар Файзобод дасти кам то 10 нафар зери хок мондааст

Рӯзи 4 апрел маросими дафни Маҳмад ва Шодмон Умаровҳо, ки амакбача буда, ҷасадашон рӯзи ҷумъа аз зери ярч пайдо шуд, баргузор гардид. Баъдан мақомот ва хонаводаи қурбониён тасмим гирифтанд, намози ҷанозаи ҳашт нафари боқимонда дар зери ярчро дар ҷои ҳодиса бихонанд. Ҳоло ҷустуҷӯи ҷасадҳои боқимонда қатъ шудааст ва мақомот гуфтанд, барои чанд муддат сарбозони кумитаи ҳолатҳои фавқулода он ҷо мемонанд ва агар ҷасаде пайдо шуд, ба хонаводаҳояшон  хоҳанд супурд.

Ҳамзамон, райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Файзобод Имомназари Каримиён доир ба ин ҳодиса ва кӯмак расонидан ба хонаводаҳи қурбониён гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод, иттилоъ медиҳад сайти президенти ҶТ.

Аз фонд ё бунёди захиравии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳар кадом оилаи даҳ қурбонии ярч дар ноҳияи Файзобод 10 ҳазор сомонӣ, яъне дар маҷмӯъ, 100 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ дода шудааст.

Дар маҳаллӣ ҳодиса бошад, комиссияи ҳукумати таҳти сарварии муовини нахуствазир Азим Иброҳим ва вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода, раиси КДАМ Саймумин Ятимову роҳбари Кумитаи замину геодезия Акбар Ятимзода фаъолиятро идома медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0