11 узви ҲИӮ дар Суғд зиндонӣ шуданд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкНа скамье подсудимых. Архивное фото
На скамье подсудимых. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Суғд 11 нафар ба иттиҳоми шомил шудан ба созмони фаъолияташ мамнӯи Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, ба зиндон маҳкум шуданд.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Додгоҳҳое дар шимоли Тоҷикистон 11 сокини минтақаро бо ҷурми шомил шудан ба созмони террористии Ҳаракати исломии Убакистон, ба зиндон маҳкум кард, менависад "Радиои Озодӣ".

Мурофиаи додгоҳии ин афрод рӯзи 31 март анҷом ёфт.

Додгоҳи вилояти Суғд 10 сокини ҷавон ва аз 22 то 27 солаи ноҳияи Спитаменро ба он гунаҳкор донист, ки тирамоҳи соли 2014 ба созмони фаъолияти дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳаракати исломии Ӯзбакистон шомил шуда, сокинонро барои пайвастан ба ин гурӯҳ даъват кардаанд.

Додгоҳ 7 тан аз афроди ин гурӯҳро мутобиқи 5 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор дониста, аз 9 то 17 соли ҳабс ва 3 нафари дигарро бо гуноҳи хабар надодан аз шомил шудани рафиқонашон ба ин созмон, барои як сол ба зиндон маҳкум кард.

Дар ҳамин ҳол, додгоҳи Хуҷанд як сокини ноҳияи Исфараро низ бо ҷурми мансубият ба Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ба 9 соли ҳабс маҳкум кард. Ба гуфтаи додгоҳ, Б. Ш. ҷавони исфарагӣ соли 2006 дар муҳоҷирати кории Русия ба гурӯҳи ҲИӮ пайваста, бо раҳбари як гурӯҳи ин созмон байъат бастааст. Додгоҳ ӯро тибқи 2 банди Кодекси ҷиноӣ барои таъсис ва иштирок дар иттиҳодияи ҷиноӣ, айбдор эълон кард.

Ин 11 нафар дар моҳҳои декабри соли 2014 ва январи соли равон аз ҷониби кормандони пулис ва додситонӣ дастгир шудаанд. Ҳукми додгоҳ нисбат ба онҳо ҳанӯз қуваи қонунӣ нагирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0