ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Даъвати баҳории шаҳрвандони соли таваллудашон 1988-1997 ба сафи Артиши миллӣ дар Тоҷикистон рӯзи 1 апрел оғоз гардид, менависад оҷонсии Авеста.
Фармони президент дар мавриди ба мураххасӣ ҷавоб додани аскарони давраи хидматашонро адонамуда ва даъвати наваскарон 12 март ба имзо расида буд.
Бар пояи ин фармон ҷавононе, ки то рӯзи даъват ба синни 18 мерасанд ва инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон даъват мешаванд.
Дар ин фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид шудааст, ки "Вазорати дифои Тоҷикистон, раисони комиссияҳои даъватии Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шаванд, ки бо назардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус мукаммалгардонии онҳоро бо иштироки мақомоти амният ва умури дохилӣ дар навбати аввал бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд.
Тибқи фармони президент онҳое, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2015 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷавоб хоҳанд шуд.