Раҳмон: артиш бояд барои дифоъи манофеъи миллӣ омода бошад

© © Sputnik / Амир ИсаевНеруҳои ҳарбии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Неруҳои ҳарбии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти тағйири авзоъ дар бархе аз манотиқи ҷаҳон Тоҷикистон бояд барои тақвияти зарфияти дифоии худ иқдомоте рӯйи даст бигирад.

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Кишварро зарур аст барои дифои манофеи миллӣ ва давлатӣ дар сурати ташаннуҷ ва тавсеаи даргирии миёни абарқудратҳо омода бошад, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон рӯзи якшанбе дар ҷаласаи таҷлил аз 22-умин солгарди таъсиси нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон.

Вай зикр кард, тағйироте ки ахиран дар бархе аз манотиқи ҷаҳон рух медиҳанд, кишварро водор месозанд, ки иқдомотеро барои омодагии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба шароити ноамнии сареъ рӯйи даст бигирад.

"Захойири кадриро афзоиш дода, барои таҷдиди васоили ҷангӣ ва силоҳҳо, барои тақвияти зарфияти дифоии кишвар иқдомоте бояд анҷом дода шавад", — зикр кард раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронии худ.

Раҳбари кишвар дар суханронии худ ҳамчунин вазоифи муҳимтарини ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла нерӯҳои мусаллаҳи кишвар дар сурати ташаннуҷ ва тавсеаи бархурди абарқудратҳоро дақиқ кард.

Раҳмон зикр кард, ки равандҳои муосири ҷаҳонӣ идома хоҳанд дошт, зеро онҳо наҳваи дарозмуддат доранд ва ба ин далел таҳдидҳои амниятӣ ба минтақа ва дар маҷмӯъ ба ҷаҳон боқӣ мемонанд.

Давлати исломӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Давлати исломӣ” барои ташаннуҷи вазъ дар ОМ $70 миллион ҷудо мекунад

"Феълан бархе аз нерӯҳо дар минтақа ва ҷаҳон бо истифода аз наҳваҳои тундагроёна, аз ҷумла бо анҷоми аъмоли террористӣ ва ифротгароёна, тақвияти фаъолиятҳои гурӯҳҳои фаромиллии ҷиноӣ, истифода аз наҳваҳои ҷанги иттилоъотӣ талош доранд ба умури дохилии кишварҳои соҳибистиқлол мудохила кунанд ва ин раванд тавсеъа меёбад", — гуфт раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Вай аз фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ ва тундгаро, ки дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон аъмоли хушунатомез ва тахрибкориро анҷом дода ба суфуфи худ ҷавонони ноогаҳро ҷалб месозанд, изҳори нигаронӣ кард.

"Дар даргириҳои Сурия ва Ироқ намояндагони беш аз 100 кишвари ҷаҳон мушорикат доранд. Ин гурӯҳҳои террористӣ аз наҳваҳои қатли даҳшатвор истифода мекунанд, аз ҷумла одамонро зинда месӯзонанд ва сар мебуранд, аъмоли дигареро анҷом медиҳанд, ки ҷомеъаи ҷаҳониро нигарон сохтааст, — гуфт Раҳмон. — Ман беҳуда… ин наҳваи хатарзоро вабои аср наномидаам".

Ба гуфтаи вай, мавзӯъи таъмини амниятӣ миллӣ ва давлатӣ, субот дар ҷомеа дар шароити муосир аҳамияти бештар ва тақдирсоз касб кардааст.

Лентаи хабарҳо
0