СБП: тарҳи Роғун боиси танишҳо дар ҶТ шуда метавонад

© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузариш ба медиабонкСохтмони нақби Роғун. Акс аз бойгонӣ
Сохтмони нақби Роғун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари намояндагии СБП дар Тоҷикистон тавсия додааст, ки қабл аз татбиқи пружаи Роғун мушкилоти тавзеҳи (тақсимоти) буҷаро ҳал бояд кард.

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Татбиқи лоиҳаи Роғун барои дарозмуддат ба иқтисоди Тоҷикистон шояд даромади ҳангуфт биёрад, аммо қарзи хориҷии кишвар зиёд гардида, ба марҳилаи хатарнок ворид мешавад, омадааст дар гузориши намояндагии Сандуқи Байналмиллалии Пул, ки он рӯзи 19-уми ноябр нашр гардид.

"Вақте ки маблағҳои буҷа аз қисматҳои зарурии масрафи он ба татбиқи тарҳи бунёди НБО-и Роғун ҷудо мегарданд, ин мушкил эҷод хоҳад кард. Ва ин проблема низ ҳалли худро тақозо дорад",- гуфт Ҷонатан Данн, мудири минтақавии СБП.

Вай афзуд, бо даст додани шароити молиявӣ ва маблағгузории НБО-и Роғун, ки бунёди он дар ҳаҷми 5-6 миллиард доллар (баробар ба 55-65 % ММД) имконият дорад, барои иқтисоди кишвар манфиати зиёд меорад, аммо дар ин ҳолат қарзи хориҷии Тоҷикистон боз ҳам боло хоҳад рафт.

Қарзи берунаи Тоҷикистон вобаста ба санадҳои меъёрии қабулшуда дар ҷумҳурӣ наметавонад аз 40 % ММД бештар бошад, дар акси ҳол ин омил ба имиҷи кишвар таъсири манфӣ расонида, иқтисодро ба бунбаст мебарад. Гузашта аз ин, дар чунин ҳолат Тоҷикистон аз ӯҳдаи пардохти қарзи хориҷӣ баромада наметавонад.

Барои идомаи сохтмони Роғун 1,6 миллиард сомонӣ ҷудо мегардад
Тибқи иттилоъ, дар ҳоли ҳозир қарзи берунаи кишвар на бештар аз 22 % ММД буда, муодили 2,1 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои анҷоми сохтмони Роғун Тоҷикистон ба 6 миллиард доллар ниёз дорад, ки як чунин маблағ дар ҷумҳурӣ нест. Аз ин рӯ, ҳукумат маҷбур аст сармояи хориҷиро ба бунёди неругоҳ ҷалб созад.

Сохтмони неругоҳи Роғун, дар 90-километрии шарқи Душанбе, бо иқтидори 3600 мегаватт ва тавони тавлиди 13,1 миллиард киловат/соат нирӯи барқ дар як сол ҳанӯз соли 1978 оғоз ёфта, сарбанди 335-метриаш мебоист баландтарин сарбанди дунё мешуд. Пас аз итмоми сохтмони он НБО-и Роғун метавонад бузургтарин неругоҳи обию барқӣ дар Осиёи Марказӣ гардад ва на фақат Тоҷикистон, балки дигар мамолики минтақаро низ бо барқ таъмин намояд.

Соли 2010 СБП ташхису баҳогузории Роғунро ба зимма гирифта, баъди 4 сол натиҷаи онро эълом дошт. Ин ниҳоди молии байналмилалӣ дар тобистони соли равон гуфт, ташхиси фанниву иқтисодӣ нишон дод, ки НБО "Роғун"  барои кишвару минтақа паёмадҳои манфии зистмуҳитӣ надорад.

Ҳайати намояндагии СБП дар Тоҷикистон таҳти раёсати оқои Данн аз 6 то 20 ноябр қарор дошт.    

Лентаи хабарҳо
0