ҶТ содироти барқро ба хориҷ аз кишвар афзоиш медиҳад

© Sputnik / Игорь Михалев / Гузариш ба медиабонкНБО-и Норак
НБО-и Норак - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷоришавии озод (бефоида)-и об дар Тоҷикистон дар давраи тобистон ниҳоят зиёд буда, тибқи омори энергетикҳо дар сурати истифодаи он бо ин миқдор об метавон 4,5 то 5 миллиард кВт/соат барқ истиеҳсол кард.

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Энергетикҳои Тоҷикистон тасмим доранд дар фасли тобистон партоби бефоидаи обро дар обанбори Вахш коҳиш бидиҳанд, менависад ОИ Авеста ба истинод ба як манбаъ дар бахши энержии кишвар.

Имсол содироти барқ ба Афғонистону Қирғизистон афзоиш ёфта, ҷоришавии бефоидаи об аз обанбор ҷилавгирӣ хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон: камбуди нерӯи барқ мушкилоти №1 дар Тоҷикистон аст

Ба қавли манбаъи оҷонсӣ, соли гузашта ба ин ду кишвари ҳамсоя ҳудуди 1,3 миллиард кВт/соат қувваи барқ интиқол ёфта буд. Қисми бештари барқ ба Афғонистон содирот шудааст. "Имсол барои онҳо барқи бештар пешниҳод мегардад, дар сурати мусбат арзёбӣ шудани пешниҳоди мазкур партоби бефоидаи об аз обанбори Норак коҳиш хоҳад ёфт".

Бино ба маълумоти то 20 март дастрасшуда Тоҷикистон содироти барқро 58% афзоиш дода, ҳаҷми умумии онро ба 110 миллион кВт/соат баробар кард.

Хатти интиқоли барқ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбакистон бозори фурӯши барқ ба Афғонистонро соҳиб шуданист

Аввали моҳи равон ҳукумати Қирғизистон эълом дошт, ки дар давраи апрел-сентябри соли 2015 аз Тоҷикистон бо қимати на бештар аз 2 сент барои ҳар як киловатт,соат барқ харидорӣ мекунад. Он вақт сухан дар бораи содироти 360 мегаватт барқ мерафт. Соли гузашта бошад, ин нишондод ба 1,5 млн кВт/соат дар як шабонарӯз ва бо арзиши 2 сент барои ҳар як киловатт баробар буд.

Дар давраи тобистон ҷараёни об дар рӯдхонаи Вахш беш аз 2 ҳазор метри мукааб дар сония аст, аммо барои тавлиди барқ ҳамагӣ 700 метри кубии он истифода мешаваду бас. Миқдори ками ин об барои пур кардани обанбори Норак нигаронида шудааст.

Ҷоришавии озод (бефоида)-и об дар Тоҷикистон дар давраи тобистон ниҳоят зиёд буда, тибқи омори энергетикҳо дар сурати истифодаи он бо ин миқдор об метавон 4,5 то 5 миллиард кВт/соат барқ истиеҳсол кард.

Лентаи хабарҳо
0