ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Зимни ироъаи пайёми солонаи худ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мушкилоти энержӣ дар Тоҷикистон изҳори назар карда камбуди онро "мушкили №1" унвон кард, хабар медиҳад хабаргузории "Авеста".
"Соли 2014 ташхиси тарҳи сохтмони барои мо тақдирсоз, нерӯгоҳи Роғун, ки ҳафт сол идома дошт, анҷом ёфт ва ин амр бозгӯи бисёр чиз аст", — таъкид кард раҳбари кишвар.
Вай гуфт, ки ҳоло дар Тоҷикистон мушкили аслӣ "ба назари ман мушкили №1 барои мо камбуди шадиди нерӯи барқ дар фасли сармо аст", ки ба гуфтаи Раҳмон аз рушди иқтисодиву иҷтимоӣ монеъ мешавад.
Ба гуфтаи раҳбари кишвар, расидан ба амнияти энержӣ ҳадафи стратегӣ аст ва ба ин манзур дар Тоҷикистон сохтмони чанд таъсисоти энержӣ дар назар аст.
"Бозсозии нерӯгоҳи Норак идома дорад. Дар соли ҷорӣ бо кӯмаки молии созмонҳои байналмиллалии молӣ бозсозии нерӯгоҳҳои Қайроққум ва Сарбанд оғоз мешавад. Барои тармим ва бозсозии нерӯгоҳҳои фаъъоли Тоҷикистон иттихози ҳудуди 1,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст", — хабар дод Раҳмон.