Ӯзбакистон бозори фурӯши барқ ба Афғонистонро соҳиб шуданист

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкХатти интиқоли барқ. Акс аз бойгонӣ
Хатти интиқоли барқ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ӯзбакистон содироти барқ ба Афғонистонро тақвият дода, аз Тоҷикистон, ки шавқманди нигоҳ доштани мавқеъи худ дар ин бозор аст, пеш гузашт.

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ӯзбакистон тасмим дорад тайи як сол содироти барқашро ба Афғонистон то 1,5 миллиард кВт/соат афзоиш диҳад, дар ин росто қарори марбутаи ҳукумат низ ба тасвиб расидааст, менависад сомонаи 12news.uz.

Қисмати аъзами тавлиди барқ дар Ӯзбакистон ба неругоҳҳои гармидиҳанда (50,5 млрд кВт/соат) ва боқимонда 5,1 млрд кВт/соат ба НОБ-ҳо рост меояд.

"Соли гузашта дар Ӯзбакистон ҳудуди 55 миллиард кВт/соат қувваи барқ истеҳсол шуд, ки 2,3% аз соли дигар бештар аст. Ҳаҷми маҳсулоти тавлидотӣ 2,3 дарсад афзоиш ёфта, нақшаи содирот ва фурӯши барқ ба хориҷа 123,9 фоиз иҷро гардид",- омадааст дар хабари сарчашма.

Ба ҷузъ Ӯзбакистон, кишварҳои Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон ба Афғонистон барқ содир мекунанд.

Ба иттилои вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар соли 2014 ҷумҳурӣ ба хориҷа 1,3 миллиард кВт/соат барқ содир кардааст, ки аз нисфи зиёди он барои Афғонистон рост меояд.

Қариб 1 миллиард кВт/соат барқ дар давраи тобистон, ки Тоҷикистон ба он ниёз надорад, ба хориҷа интиқол ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0