ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Шерхон Салимзода, собиқ додситони кулли Тоҷикистон 18 март раҳбари Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар ва ё "Профсоюз" интихоб шудааст, иттилоъ медиҳад оҷонсии "Озодагон".
Салимзода дар ҳамоиши намояндагони иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар Муродалӣ Солеҳовро иваз кардааст, ки то ҳол роҳбарии ин Федератсияро ба уҳда дошт. Тавре аз Федератсияи иттифоқҳои касаба ба оҷонсӣ иттилоъ додаанд, Солеҳов бо хоҳиши худ аз мақомаш истеъфо дода, ба нафақа рафтааст.
Шерхон Салимзода, ки моҳи январи соли 2010 дар курсии додситони кулли Тоҷикистон такя зада буд, бо фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24 январ аз мақомаш барканор шуда, ба ҷои ӯ Юсуф Раҳмонов таъин гардид. Ба дунболи барканории Салимзода ва интиқоди раисиҷумҳур дар ҷаласаи 17 феврали Шӯрои амният, муовинони пешини ӯ ва додситонҳои Суғд, Бадахшон, Хатлон ва шаҳри Душанбе аз мақомҳои худ сабукдӯш шуда, дертар ба вазифаҳои нав таъин гардиданд.
Ин тағйирот дар ҳоле сурат гирифт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти соли гузаштааш бо мақомоти қудратӣ (10 июли 2014) аз фаъолияти масъулони Додситонии кулл башиддат интиқод карда, аз "шиносбозию сарватхоҳии кормандони ин ниҳод" шадидан нигаронӣ намуда буд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон он замон ишора ба мошинҳои гаронбаҳо ва хонаҳои бодабдабаи бархе аз додситонҳо гуфта буд, "ин ҳама аз ҳисоби кадом даромад аст?"
Шерхон Салимзода дастпарвари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва 58 сол дорад. Қаблан дар вазифаҳои муовини додситони кулл, додситони шаҳри Душанбе, вакили парлумон ва баъдан раиси кумита дар Маҷлиси Намояндагон низ фаъолият кардааст. Ӯ як муддат раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мушовири давлатии раиси ҷмуҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ низ буд.
Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон як ниҳоди ҷамъиятии мустақил, аммо боқимонда аз даврони Шӯравист, ки вазифааш ҳимоят аз ҳуқуқи коргарон дар баробари корфармоён мебошад. Аммо номи ин ниҳод бештар дар мавриди пешбарии номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон расонаӣ мешавад.