ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Бар асоси фармонҳои нави Юсуф Раҳмонов, додситони кулли Тоҷикистон, ки 18 феврал содир шуд, прокурори шаҳри Душанбе ва раҳбарони идораи додситонӣ дар вилоятҳои кишвар аз мақомҳояшон барканор гардидаанд, менависад "Радиои Озодӣ".
Дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, ҳоло Сироҷиддин Нурзода аз мақоми додситони Хатлон, Муҳаммад Арбобзода аз вазифаи досдитони Бадахшон, Шариф Қурбонзода аз мақоми додситони Суғд ва Мирзошариф Шарифов аз вазифаи прокурори Душанбе озод гардидаанд.
Ин барканорӣ ба дунболи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон сурат мегирад, ки рӯзи 17 феврал дар ҷаласаи Шӯрои амният аз кори додситонҳо интиқод карда, аз Юсуф Раҳмонов хоста буд, кулли муовинҳояш ва прокурорҳои вилоятҳоро иваз намояд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17 феврал дастур дод, ки муовини якум ва ҳамаи муовинони прокурори генералӣ ва прокурорҳои вилоятҳо иваз шаванд.
Ин дар ҳолест, ки 24 январи имсол Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода бо фармони президент аз вазифа барканор ва Юсуф Раҳмонов бар ивази вай таъйин шуд.
Дар ҷаласаи имрӯзӣ, асосан масоили вобаста ба таъмини амнияти иқтисодӣ, мубориза бо коррупсия ва ҳифзи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ дар ин соҳа баррасӣ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон коррупсияро "кирдори хатарноки зиддидавлатӣ" номида, гуфтааст, ин "амали нангин обурӯйи давлатро дар дохил ва хориҷи кишвар коҳиш дода", асосҳои давлатдориро заиф менамояд.