ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко муътақид аст, ки Ғарб бидуни дудилагӣ аз талошҳои Киев барои истиқлол пуштибонӣ мекунад ва ӯро бо силоҳ таъмин месозад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба расонаҳои олмонӣ.
"Украина алаккай бо 11 кишвари узви ИА барои воридоти таслиҳот имзо кард, хабар дод Порошенко, вале нагуфт ки ин чӣ кишварҳое мебошанд. ИМА-ро, ки ба Украина миқдоре аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва ҷипҳои зиреҳпӯш ироъа кард, вай "пионер" номид", — иқтибос овардааст раҳбари Украинаро нашрияи Deutsche Wirtschafts Nachrichten бо истинод ба хабаргузории dpa.
Рӯзнома ҳадс мезанад, ки мавзӯъи интиқоли таслиҳот ба Киев рӯзи душанбе дар музокироти Порошенко бо раиси ҷумҳури Олмон Йоахим Гаук ва садри аъзам Ангел Маркел баррасӣ мешавад. Эҳтимоли он ки Олмон бо кишварҳое, ки тасмим гирифтанд ба Украина бо силоҳ кӯмак кунад, пайваст мешавад DWN "норӯшан, вале имконпазир" донистааст.
Нашрия изҳори назари коршиноси олмонӣ дар умури амният Волфганг Ишингерро овардааст, ки ҳадс задааст эҳтимол дорад Берлин бо Киев дар мавриди интиқоли таслиҳоти мудофиъавӣ тавофуқ мекунад.
Дар навбаи худ вазири хориҷаи Олмон Франк-Валтер Штайнмайер рӯзи душанбе мукарраран аз Украина даъват кард, ки тавофуқоти Минскро комилан риоят кунад, хабар медиҳад Deutsche Welle низ бо истинод ба dpa.
Штайнмайер изҳор дошт, ки Киев метавонад ба "пуштибонии комил"-и Олмон умед дошта бошад. Ҳамзамон, ба вай раҳбарияти Украина ёдовар шуд, ки кишварашонро зарур аст мубориза бо фасоди густурдаро идома бидиҳад ва ҳамчунин иқдомоте барои танзими низоми раҳбарият рӯйи даст бигирад.