Меркел “чаҳоргонаи нормандӣ"-ро барои музокирот ба Берлин даъват кард

© Sputnik / Николай Лазаренко / Гузариш ба медиабонкМузокироти раҳбарони Русия, Олмон, Фаронса ва Украина дар Минск
Музокироти раҳбарони Русия, Олмон, Фаронса ва Украина дар Минск - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбарони Олмон, Фаронса, Украина ва Русия – Ангела Меркел, Франсуа Олланд, Петр Порошенко ва Владимир Путин дар музокироти телефонӣ, ки шаби рӯзи сешанбе сурат гирифт, аз тавсеъаи раванди ҳалли бӯҳрон дар Украина изҳори назар карданд.

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел раҳбарони "чаҳоргонаи нормандӣ"-ро барои анҷоми музокироти мабнӣ ба ҳалли қазияи Украина дар моҳи март ба Берлин даъват кард, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории Блумберг.

Музокироти телефонии раҳбарони Олмон, Фаронса, Украина ва Русия — Ангела Меркел, Франсуа Олланд, Петр Порошенко ва Владимир Путин шаби сешанбе сурат гирифт. Раҳбарони кишварҳо комёбиҳо дар ҳалли бӯрони Украинаро зикр карданд.

Мақомоти Украина дар моҳи апрели соли гузашта дар Донбасс алайҳи норозиёни табадуллоти давлатӣ дар ин минтақа амалиёти низомӣ оғоз карданд. Тибқи иттилоъи ахири СММ, дар ин даргириҳо беш аз 6 ҳазор сокини осоишта қурбонӣ шуданд.

Музокироти “чаҳоргонаи нормандӣ” анҷом ёфт

Мавзӯъи ҳалли бӯҳрони Украина дар музокироти сатҳи мухталиф, аз ҷумла дар чорчӯби дидорҳои гурӯҳи тамоси Минск бо миёнаравии Русия ва САҲА баррасӣ мешавад.

Музокироти навбатии гурӯҳи тамос 12 феврал бо тасвиби Иқдомоти иҷрои тавофуқоти Минск, ки иҷрои чанд амал, аз ҷумла, оташбас дар Донбасс аз 15 феврал, канор бурдани таслиҳоти сангин ва таъсиси манотиқи амнро дар назар дорад.

Баъд аз эъломи оташбас дар Донбасс тирпарронӣ дубора оғоз шуд, ҷонибҳо ҳамдигарро дар нақзи "муқаррароти хомӯшӣ" муттаҳам карда иддаъо доранд, ки танҳо ба посух тирпарронӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0