Ифшои камбудиҳои Донишгоҳи омӯзгорӣ аз ҷониби ректори нав

© FlickrПедагогический университет Таджикистана. Архивное фото
Педагогический университет Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ректори тозатаъйин аз он изҳори тааҷҷуб кардааст, ки азхудкунии фанҳои тахассусӣ дар сатҳи паст, вале ғайритахассусӣ дар сатҳи баланд қарор дорад.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Носирҷон Салимов, ректори навтаъини Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи ҳайати роҳбарикунандаи донишгоҳ як қатор камбудиҳои ин муассисаро ифшо кардааст, иттилоъ медиҳад оҷонсии "Озодагон".

Академик Салимов, ки охири соли гузашта ба ҷои Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ таъин шуд, изҳор доштааст, ки дар донишгоҳ ҳарчанд низоми таълим кредитист, аммо аз шакли анъанавӣ фаровон истифода мешавад.

"Ҳол он ки талабот дар низоми кредитӣ аз низоми анъанавӣ ба куллӣ тафовут дорад", — афзудааст Салимов.

Носир Салимов ректори донишгоҳи омӯзгорӣ таъйин шуд

Ректори тозатаъйин аз он изҳори тааҷҷуб кардааст, ки азхудкунии фанҳои тахассусӣ дар сатҳи паст, вале ғайритахассусӣ дар сатҳи баланд қарор дорад.

Салимов такмили маводҳои таълимӣ-методиро яке аз масоили муҳим хонда, дар ин робита муовинони ректор, деканони факултаҳо ва мудирони кафедраҳо супориши қатъӣ додааст, менависад манбаъ.

"Нақшаҳои таълимӣ ба таҷдиди назар ниёз доранд. Ҳанӯз ҳастанд фанну соатҳое, ки нолозиманду онҳоро бояд ихтисор кунем. Танҳо дар сурати таҳияи дурусти нақшаҳои таълимӣ метавон маоши кормандонро боз ҳам баланд бардошт", — илова кардааст Салимов.

Вай инчунин ба масъалаи такмили ихтисос дахл карда, афзудааст, ки он аз мадди назар дур мондаааст ва ё дар қолаби куҳна амалӣ мешавад.

"Дар дохили ҷумҳурӣ аз курси такмили ихтисос гузаштан хуб аст, вале бояд бикӯшем, ки омӯзгорон дар хориҷи мамлакат ихтисосашонро такмил бахшанд. Маҳз дар ин замина метавон аз усулҳои муосири таълим огаҳӣ пайдо карда, онҳоро дар донишгоҳ ҷорӣ намоем", — гуфтааст ректори донишгоҳи омӯзгорӣ.

Дар ниҳоят Академик Салимов аз тобеинаш дархост кардааст, ки қавоиди мавҷударо қатъан риоя кунанд.

Қобили зикр аст, ки Салимзода то таъйин шуданаш ба ин мақом мудирии Китобхонаи миллии Тоҷикистонро бар уҳда дошт. Вай дар гузашта чанд дафъа вакили вилоятӣ дар вилояти Суғд ва роҳбарии муассисаҳои давлатиро бар уҳда дошт.

Лентаи хабарҳо
0