Носир Салимов ректори донишгоҳи омӯзгорӣ таъйин шуд

© FlickrДонишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Салимов аз соли 2012 инҷониб раисии Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошт

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Носир Салимов, ҳамакнун, собиқ раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо қарори президент ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ таъйин гардид, хабар медиҳад сомонаи расмии президенти Тоҷикистон.

Салимов аз соли 2012 инҷониб раисии Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Салимов ба курсии Абдуҷаббор Раҳмонов нишаст.

Ректори тозатаъйини Донишгоҳи омӯзгорӣ узвияти Иттифоқи нависандагон ва узви вобастагии Академияи илмҳоро дорад. Соли 2008 академики Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб шудааст. Дар гузашта ду дафъа вакили мардумӣ будааст: соли 2005 аз ҳавзаи интихоботии № 6-и шаҳри Хуҷанд вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва аз ҳавзаи интихоботии № 16-и шаҳри Хуҷанд интихоб шудааст.

Худи ҳамон сол узви Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шудааст. Сар аз соли 2010 то таъйин шуданаш ба вазифаи директории китобхона ректории Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Лентаи хабарҳо
0