Дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон афроди нав пешбарӣ шуданд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook Президенти Тоҷикистон рӯзи 26 феврал гурӯҳи кадрҳои ҷавонро, ки ба вазифаҳои масъул дар Прокуратураи генералӣ, Оҷонсии мубориза бо фасод ва Горди миллӣ пешниҳод шудаанд, ба ҳузур пазируфт
Президенти Тоҷикистон рӯзи 26 феврал гурӯҳи кадрҳои ҷавонро, ки ба вазифаҳои масъул дар Прокуратураи генералӣ, Оҷонсии мубориза бо фасод ва Горди миллӣ пешниҳод шудаанд, ба ҳузур пазируфт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи имрӯзи ҳукумати кишвар муовинони нави раҳбарони додситонии кулл, Оҷонсии зидди коррупсия ва Горди миллиро муаррифӣ кардааст.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Рӯзи 26 феврал дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон муовинони нави раҳбарони додситонии кулл, Оҷонсии зидди коррупсия ва Гвардияи миллӣ муаррифӣ шудаанд, менависад сомонаи расмии президент.

Юсуф Раҳмонов, пракурори генералии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Додситонҳои Душанбе, Суғд, Хатлон ва Бадахшон иваз шуданд

Дафтари матбуотии президент навиштааст, аз ҷумла Наимӣ Аъламхони Қодириён муовини аввали раиси Оҷонсии зидди корупсия Тоҷикистон таъин шудааст. Аламхон Наимӣ беш аз 20 сол таҷрибаи кор дар вазорати молияро дошта, як сол қабл муовини вазири молия таъин шуда буд.

Ҳамчунин, Назарзода Ҳотам Назрулло ба мақоми муовини аввали додситони кулл ва Осимзода Муҳаммад Иброҳим ва Ваҳҳобов Валӣ Маннонович ба симати муовинони додситони кулл пешниҳод шудаанд. Ба ин тартиб, Мирзозода Сафаралӣ Раҳим ба мақоми муовини додситони кулл — сардодситони низомии ҳарбии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Номзадии онҳо бояд дар наздиктарин иҷлосияи Маҷлиси миллӣ, ки рӯзи 5 март доир мешавад ва охирин иҷлоси ҳайати кунунии маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон хоҳад буд, баррасӣ шавад. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, номзадҳо ба мақоми додситони кулл ва муовинони ӯ аз ҷониби раисиҷумҳур пешниҳод ва аз сӯи Маҷлиси миллӣ тасвиб мешаванд.

Муовини барканоршудаи оҷонсии фасод “ворид”-и парлумон мешавад

Ҳамчунин дар ин ҷаласаи ҳукумат се муовини фармондеҳи Горди миллӣ ва комиссарҳои низомии вилоятҳои Суғду Бадахшон ва навоҳии водии Ҳисор низ аз ҷониби президент таъин ва муаррифӣ шудаанд.

Аз ҷумла Лангариев Файзалӣ Салмонович, намояндаи хонаводаи як замон пурнуфузи Лангариевҳо, аз фармондеҳони маъруфи Фронти халқӣ дар минтақаи Кӯлоб, ба мақоми раиси Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиа (собиқ ДОСААФ) пешниҳод шудааст. Ӯ дар ин мақом генерал Саиданвар Камолов, фармондеҳи собиқи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро иваз мекунад.

Назаров Назар Бадалович комиссари ҳарбии вилояти Суғд ва Шарипов Саъдулло Зарифович муовини фармондехи Горди миллӣ оид ба ақибгоҳ таъин шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0