Муовини барканоршудаи оҷонсии фасод “ворид”-и парлумон мешавад

© Официальный сайт Агентства по госфинконтролю и борьбе с коррупцией РТТоҳир Ҷобирзода. Акс аз бойгонӣ
Тоҳир Ҷобирзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҳир Ҷобирзода, муовини аввали раиси оҷонсии зидди фасоди молӣ, ки бо фармони президент аз мақомаш барканор шуд, ба рақобати худ дар интихоботи парлумонии 1 март идома хоҳад дод.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Тоҳир Ҷобирзода, муовини аввали барканоршудаи раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба рақобати худ дар интихоботи парлумонии 1 март идома медиҳад, менависад "Радиои Озодӣ".

Номзадии Тоҳир Ҷобирзода аз тарафи ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ба мақоми вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатӣ дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон пешниҳод шудааст.

Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ 19 феврал дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфтааст, пешниҳоди номзадии Ҷобирзода аз сӯи вакилони анҷумани ин ҳизб дар ноҳияҳои Бохтару Ҷалолуддини Румӣ сурат гирифтааст. Ин анҷуман рӯзи 31 декабри соли гузашта баргузор гардид ва, ба қавли Усмон Солеҳ, ҳоло Тоҳир Ҷобирзода ба рақобаташ дар интихобот идома медиҳад ва дар сурати пирӯзӣ бар рақибонаш ба курсии вакилӣ дар парлумон хоҳад нишаст.

Тоҳир Ҷобирзода, ки аз моҳи январи соли 2009 ба ин сӯ ба ҳайси муовини аввали раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия кор мекард, 18 феврал бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз мақомаш барканор гардид.

Ҳамаи муовинони Абдуфаттоҳи Ғоиб барканор шуданд

Ҳамроҳи ӯ, ду муовини дигари раиси Оҷонсии зиддифасод — Раҷабалӣ Ширинов ва Милопар Бандишозода ва, инчунин, раҳбарони додситонӣ дар Суғду Бадахшону Хатлон ва шаҳри Душанбе аз вазифаҳояшон сабукдӯш шуданд. Мақомоти расмӣ то ҳол дақиқ нагуфтаанд, иллати барканории ин афрод чист. Вале зоҳиран ҳамаи ин тағйирот ба ҷаласаи рӯзи 17 феврали Шӯрои амнияти Тоҷикистон бармегардад, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва "чашмпӯшӣ"-и баъзе аз масъулони додситониву оҷонсии зиддифасод сӯҳбат кард.

Тоҳир Ҷобирзодаи 51-сола зодаи шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон буда, соли 1985 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳосиб — иқтисодчӣ хатм кардааст. Ӯ то ин дам бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз шуда, соҳиби ордени "Шараф дараҷаи 1" (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2010 №914) ва "Отличник финансовой полиции" (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Беларус аз 19 сентябри соли 2013 № 123-К) мебошад.

Лентаи хабарҳо
0