Сафири Амрико: ҷомиаи шаҳрвандӣ алайҳи терроризм бархезад

© Официальная страница Посольства США в Душанбе в FacebookСюзан Эллиотт. Акс аз бойгонӣ
Сюзан Эллиотт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Амрико таъкид кард, ки ҷалби ходимони дин низ метавонад барои тамос барқарор кардан бо қишрҳои осебпазир дар байни ҷавонон кумак кунад.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Сафири Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт мегӯяд, барои мубориза бо терроризми байналмилалӣ бояд ҷомиаи шаҳрвандӣ ҷалб шавад, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".

Вай, ки дар як ҷаласаи зиддитеррористии САҲА таҳти унвони "Ҳамкории минтақавӣ ва чораҳои муассири мубориза бо падидаи террористҳову ҷангиёни хориҷӣ", дар Душанбе 24 феврал суҳбат мекард, аз ҷумла гуфтааст, Амрико талош дорад, то имконоти ҷалби ҷангиёну террористҳои хориҷиро решакан кунад.

"Онҳо дар саросари дунё "сайр" карда, ҳамлаҳои террористӣ анҷом медиҳанд. Ин як таҳдиди ҷаҳонист ва бояд ба он посухи муносиб дода шавад. Ба мо барномаҳое лозиманд, ки пеши роҳи ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиро бигиранд. Мо бояд имкони тарғиби терроризм бо истифода аз Интернетро низ пешгирӣ кунем", — афзудааст Сюзан Эллиотт.

ИФА Русия: дар суфуфи “ДИ” бист ҳазор атбоъи хориҷӣ меҷанганд

Сафири Амрико таъкид кард, ки ҷалби ходимони дин низ метавонад барои тамос барқарор кардан бо қишрҳои осебпазир дар байни ҷавонон кумак кунад.

Ноиби сафири Бритониё Ричард Вуд низ дар ин нишаст изҳор доштааст, ки созмонҳои террористӣ дар ҳоли ҳозир ба таври фаъолона аз фанновариҳои навини иттилоотиву мухобиротӣ барои таблиғи ақидаҳояшон истифода мебаранд. Ӯ дар нишасти Душанбе ба зарурати истифодаи айни фанновариҳо ба зидди таҳдиди терроризм таъкид кард.

Абдуқодир Муҳаммадиев, муовини якуми додситони кулли Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт, Тоҷикистон дар пӯсти худ натиҷаи фаъолияти эмиссарҳои созмонҳои террористии байналмилалиро санҷидааст.

"Терроризм ба мушкили ҷаҳоние табдил ёфтааст, ки ягон давлат ба танҳоӣ наметавонад ба он муқобила кунад. Ин омилест, ки ҳам ба амнияти миллӣ ва ҳам ба якпорчагии кишвар таҳдид мекунад", — афзудааст Муҳаммадиев.

Ҷонибдорони ДИИШ зимни эътироз. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: Воизи асосии ҷангиёни тоҷик дар Сурия кушта шудааст

Муовини аввали додситон бо изҳори нигаронӣ афзудааст, оморҳо аз афзоиши беисти ҷиноятҳои марбут ба терроризм дарак медиҳанд ва ин тамойюл таҳияи тадбирҳои вижаву мутаносиберо талаб мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон шумори ҷангиён аз ин кишвар дар Сурияву Ироқро то 300 нафар тахмин мезананд ва мегӯянд, то имрӯз то 60 тоҷик дар ин ҷангҳои бегона дар Ховари Миёна ҷон бохтаанд. Худи ин ҷангиён, ки пайваста аз тариқи Интернет ба ҳукумати Тоҷикистон "паём"-ҳои таҳдидомез мефиристанд, шумори зодаҳои Тоҷикистон дар ҳаракатҳои "ҷиҳодӣ"-ро то 1000 нафар мегӯянд ва таҳдид мекунанд, ки "ҷиҳод"-и онҳо танҳо бо Сурияву Ироқ маҳдуд нахоҳад шуд.

Мақомоти тоҷик афзоиши шумори тоҷикон дар созмонҳои тундрави мазҳабиро мояи таҳдид ба амнияти кишвар мешиносанд. Моҳи майи соли 2014 ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди махсусе ворид карда шуд, ки ҳамчунон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0