ВАО: Воизи асосии ҷангиёни тоҷик дар Сурия кушта шудааст

© AP Photo, FileҶонибдорони ДИИШ зимни эътироз. Акс аз бойгонӣ
Ҷонибдорони ДИИШ зимни эътироз. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Интернет хабари ҳалокати 4 ҷангии тоҷик, бо шумули Абӯ Муҳамммад Ат-Тоҷикӣ, як воизи асосии ҷангиёни тоҷик дар Сурия, нашр шудааст.

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Дар як саҳифаи марбут ба ҷангиёни зодаи Шӯравии собиқ дар шабакаи иҷтимоии русии "Одноклассники" хабари ҳалокати 4 ҷангии тоҷик дар Ховари Миёна нашр шудааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Дар як паёми кӯтоҳи ҷангиён, ки ҳанӯз рӯзи 6 феврал дар саҳифаи ба ҷангиён наздики "Шариат — закон жизни мусульман" нашр шудааст, лақаби он ҳам танҳо яке аз ин ҷангиён — Абӯ Муҳамммад Ат-Тоҷикӣ —  оварда шудааст, менависад "Озодӣ".

"БОЗ ЯК БАРОДАРИ МО, иншоАллоҳ, шаҳид шуд… Абӯ Муҳаммад Ат-Тоҷикии мо, субҳонАллоҳ. Тавре маълум аст, ҳамроҳи ӯ боз 3 бародар аз Тоҷикистон ба шаҳодат расиданд, иншоАллоҳ. Барои онҳо дуо кунед!!! Бигзор Аллоҳ шаҳодати ҳамаи онҳоеро, ки дар роҳи Ӯ ҷон медиҳанд, бипазирад. Омин!!!", — омадааст дар ин паём.

Ба навиштаи сомона, ташхиси воқеъияти ин иддао дар бораи ҳалокати боз 4 тоҷик мушаххасан дар кадом гӯшаи Ховари Миёна — дар Сурия ё Ироқ кушта шудани онҳо имкон надорад. Ин ҳам рӯшан нест, ки онҳо дар сафи "Давлати исломӣ" меҷангиданд ва ё бо кадом гурӯҳи дигари тундгаро.

Абу Бакр ал-Бағдодӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: раҳбари ДИ ал-Бағдодӣ дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ ҷароҳат бардоштааст

Вале Абӯ Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ аз маъруфтарин ҷангиёни тоҷикистонӣ дар ҷанги Сурия буд, ки дар миёни ҷангиёни ҳамватани аз нигоҳи саводи мазҳабӣ аксаран камсавод, фарқ мекард ва як сухангӯ ва воизи асосии ҷангиёни тоҷик дар Сурияву Ироқ ба шумор мерафт. Дар шабакаи Ютуб даҳҳо наворҳои видеоӣ нашр шудаанд, ки дар онҳо Абӯ Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ дар мавзӯъҳои мухталиф асосан аз дидгоҳи "ҷиҳодӣ" вазъ мегуфт ва мансабдорони Тоҷикистонро ба мурооти меъёрҳои Шариат, рӯҳониёни тоҷикро ба эътирофи "ҷиҳод" дар Сурияву Ироқ ва мардумро ба ин "ҷиҳод" даъват мекард.

Як мавъизаи ӯ аз ҷумла дар масъалаи "Ширк" ва дигаре дар бобати "Тавҳид" аст. Абӯ Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ дар ин мавъизаҳо "ҷиҳод" дар Ховари Миёна ва ҷангҳои созмони тундрави "Давлати исломӣ"-ро "роҳи ҳақ" меномид ва рӯҳониёни тоҷикро мазаммат мекард, ки "ҳирси ин дунёро боло гузошта", ба хидмати давлати, ба ақидаи ӯ, "душмани дин" камар бастаанд ва аз азоби охират фикр намекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар анҷумани XII-и ҲХДТ. Акс аз Хадамоти матбуотии райисҷумҳур - Sputnik Тоҷикистон
Райисҷумҳури Тоҷикистон "ДИ"-ро тоуни асри 21 хонд

Бино ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, танҳо дар Сурия то имрӯз беш аз 50 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд.

Ҷамъи ҷангиёни зодаи Тоҷикистонро дар Сурияву Ироқ мақомоти Душанбе то 300 нафар тахмин мезананд. Аммо худи ин ҷангиён шумори зодаҳои Тоҷикистон дар ин ҷангҳои бегона дар як сарзамини аз Ватани онҳо беш аз 4000 километр дурро дастикам 1000 нафар мегӯянд ва иддао доранд, ки бо таъмини пирӯзии "Давлати исломӣ" дар Сурияву Ироқ маҳдуд шуданӣ нестанд, балки ҳадафи онҳо эҳёи "хилофати исломӣ" дар саросари дунё, аз ҷумла дар Осиёи Марказист, ки дар харитаи ин созмони ифротӣ ҳамроҳ бо шарқи Эрону Афғонистон ва Покистону Ҳинд ҳамчун як бахши вилояти "Хуросон" тасвир шудааст.

Абӯ Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ низ то кушта шуданаш дар мавъизаҳои худ дар бораи "ҷиҳод" дар Тоҷикистон бисёр сӯҳбат мекард.

Лентаи хабарҳо
0