Додгоҳи иқтисодӣ ҳисобҳои бонкии "Babilon-M"-ро муввақатан боз кард

© Sputnik / Игорь ЛекаркинНишони ширкати "Вавилон" дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Нишони ширкати Вавилон дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони Кумитаи андоз ба бонкҳо муроҷиат карда хостаанд тасмими қаблии худ дар мавриди масдуд кардани ҳисобҳои бонкии ширкати мухобиротиро то замони анҷоми баррасии додгоҳӣ лағв кунанд.

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Комитети андози Тоҷикистон муввақатан аз даъвои худ барои масдуд кардани ҳисобҳои бонкии ширкати "Babilon-M" даст кашид, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Тасмими масдуд накардани ҳисобҳои бонкии ширкат то замони анҷоми муҳокимаи додгоҳиро додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон қабул кардааст.
Баъд аз дарёфти нома бо ҳукми додгоҳ, намояндагони ниҳоди андозситонӣ ба се бонк ва як муъассисаи қарздиҳӣ муроҷиъат карда то замони анҷоми муҳокимаи додгоҳӣ хостаанд ҳисобҳои бонкии ин ширкати мухобиротӣ масдуд карда нашаванд.

Қаблан Комитети андоз аз "Тоҷиксодиротбонк", "Агроинвестбонк", "Казкомертсбонк" ва муассисаи қарздиҳии "Зудамал" тақозо карда буд, ки ба манзури мусодираи 337 миллион сомонӣ аз ширкати "Babilon-M" ҳисобҳои бонкии ин ширкат масдуд карда шаванд.

19 январ раиси Комитети андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатов дар нишасти матбӯъотӣ гуфт, ки ширкати "Babilon-M" 341 миллион сомонӣ қарздор аст ва ин маблағ бояд қисман пардохт карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0