Оҷонсӣ: нафси бад сари 129 мансабдорро "хӯрдааст"

© Sputnik / Амир ИсаевАбдуфаттоҳ Ғойиб, директори Оҷонсии зидди фасод дар нишасти хабарӣ
Абдуфаттоҳ Ғойиб, директори Оҷонсии зидди фасод дар нишасти хабарӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, дар соли гузашта 129 мансабдор дар Тоҷикистон бо ҷурми даст доштан дар фасоду ришвахорӣ аз мақомҳои худ барканор шудаанд.

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, дар соли гузашта 129 мансабдори тоҷик бо иттиҳоми даст доштан дар фасоду ришвахорӣ аз мақом барканор шудаанд, навиштааст "Радиои Озодӣ".

Намояндагони ин оҷонсӣ дар мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи тиҷорат дар шаҳри Душанбе гуфтаанд, мансабдорон бештар бо иттиҳоми аз худ кардани маблағҳои давлатӣ ва асосан аз ҳисоби барзиёд нишон додани ҳаҷми корҳои сохтмонӣ ба воситаи "мувофиқаи пешакии мансабдорони давлатӣ бо ширкатҳои сохтмонӣ" аз мақомҳои худ барканор шудаанд. Ба таъбири як намояндаи Оҷонсӣ, сари ин мансабдоронро "нафси бад" хӯрдааст.

Ба гуфтаи ин масъулон, дар соли 2014 вазоратҳои маорифу тандурустӣ аз нигоҳи олудагӣ ба фасод "чемпион" будаанд.

Юсуф Раҳмонов, пракурори генералии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Додситонҳои Душанбе, Суғд, Хатлон ва Бадахшон иваз шуданд

Бино ба омори овардаи онҳо, соли гузашта дар соҳаи маориф 101 ҷинояти коррупсионӣ, дар вазорати тандурустӣ 70 ҷиноят ва дар низоми бонкии Тоҷикистон 129 чунин ҷиноят сабт шудааст. Дар вазорати корҳои дохилӣ, ба гуфтаи онҳо, дар соли гузашта 48 мавриди даст задани маъмуронаш дар фасод ошкор шудааст.

Тоҷикистон дар гузоришҳои байналмилалӣ дар радифи 20 кишвари фасодзадатарини дунё ном бурда мешаванд. Вале намояндагони Оҷонсӣ дар мулоқот бо донишҷӯён 2 зина болотар рафтани Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалии кишварҳои фасодзадаро аломати пешравӣ дониста гуфтаанд, "ин бозгӯ аз он аст, ки шиддати коррупсия дар кишвар костатар гардидааст."

Аммо Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон ба он айбдор мешавад, ки дар мубориза бо ин падидаи манфӣ асосан ба "шикор"-и "моҳичаҳо", барои мисол, коркунони ҷамоатҳову "военкоматҳо" ва духтурону омӯзгорон тамаркуз кардааст ва ба "наҳанг"-ҳои бузургтари дарёи фасоди ин кишвар, ки дар мақомҳои хеле баланд ва ба маблағҳои хеле бузург машғули фасоданд, зӯраш намерасад.

Абдуфаттоҳи Ғоиб дар нишасти хабарии Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ - Sputnik Тоҷикистон
Садри ҷадвали фасодзадаҳоро маорифчиён соҳиб шуданд

Мулоқот бо донишҷӯён ва аз он пеш бо аҳли ҷамоат дар ноҳияи Рӯдакӣ ба хотири шарҳи "Стротегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020" дар рӯзҳое сурат гирифтанд, ки фаъолияти Оҷонсии мубориза бо фасод дар нишасти рӯзи 17 феврали Шӯрои Амният аз сӯи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба боди шадиди интиқод кашида шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа тақрибан аз ҳамаи ниҳодҳои интизомии давлаташ танқид кард ва аз ҷумла дар пайи суханронии Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза бо фасод ҳушдор дод, ки вақте дар ҷиноятҳои коррупсионӣ вақте кормандони худи Оҷонсии зидди фасод ба даст меафтанд, ин ниҳод барои кишвар чӣ зарурат дорад? Ӯ афзудааст, "оҷонсиро худам таъсис додам ва худам барҳам медиҳам."

Президенти Тоҷикистон дар ин нишаст гуфтааст, кор ба ҷое кашида, ки ба кормандони оҷонсии зиддифасод ва додситониҳои навоҳии тобеи ҷумҳурӣ аз ҷамоатҳо талаби ҷудо кардани қитъаҳои заминро кардаанд ва ба ин далел 4 раиси ҷамоат аз дасти онҳо Тоҷикистонро тарк карда, ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ба Русия фирор кардаанд. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони Оҷонсӣ  ва додситониҳо даъват карддааст, ки боздошту ба маҳкама кашиданро кам кунанд ва "дар ҷои холӣ барои ҳукумат проблема насозанд."

Лентаи хабарҳо
0