Садри ҷадвали фасодзадаҳоро маорифчиён соҳиб шуданд

© Sputnik / Амир ИсаевАбдуфаттоҳи Ғоиб дар нишасти хабарии Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ
Абдуфаттоҳи Ғоиб дар нишасти хабарии Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба ин тартиб ин ниҳод бо анҷом додани 101 ҷиноят дар садри рӯйхати ниҳодҳои фасодзадаи Тоҷикистон қарор дорад. Аммо раиси Оҷонсӣ мегӯяд, бо таъсиси Маркази миллии тестӣ, шумори ҷиноятҳои соҳаи маориф кам шудааст.

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Кормандони вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар соли 2014 бештар аз ниҳодҳои дигар ҷиноятҳои коррупсионӣ анҷом додаанд, гуфт раиси Оҷонсии мубориза бо фасод Абдуфаттоҳи Ғоиб зимни нишасти хабарие дар Душанбе.

Ба ин тартиб ин ниҳод бо анҷом додани 101 ҷиноят дар садри рӯйхати ниҳодҳои фасодзадаи Тоҷикистон қарор дорад. Аммо раиси Оҷонсӣ мегӯяд, бо таъсиси Маркази миллии тестӣ, шумори ҷиноятҳои соҳаи маориф кам шудааст.

"Ба ҳангоми имтиҳоноти қабул ба донишгоҳҳои олӣ 27 нафар бо ҷурми миёнаравӣ боздошт шуд. Миёни инҳо омӯзгорон ҳам ҳастанд, шахсони мансабдор ҳам ҳастанд, деканҳо низ ҳастанд. Бисёрашон миёнарӣ мекарданд. Аммо ин соли аввали таҷрибаи тестӣ буд. Дар солҳои оянда умедворем, ки кам мешавад ҷиноятҳо", — афзуд Абдуфаттоҳи Ғоиб.

Дар ҷадвали фасодзадаҳои Оҷонсии мубориза бо фасод ҷои дуюмро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гирифтааст, ки кормандонаш дар соли гузашта 70 ҷинояти коррупсионӣ содир кардаанд.

Аз миёни вазорату идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ бошад, кормандони Вазорати умури дохилӣ бештар чунин ҷиноят содир кардаанд. Раиси Агентӣ мегӯяд, дар соли 2014, 46 ҷинояти хусусияти коррупсионидоштаи кормандони умури дохилиро ошкор кардаанд.

Дар ин рӯйхат Вазорати мудофиа дар ҷои дувум аст. Кормандони ин ниҳод дар як сол 14 ҷиноят содир кардаанд. Вазорати адлия бо 12 ҷинояти коррупсионӣ дар ҷои се ва Хадамоти гумрук бо 7 ҷиноят дар зинаи чоруманд. Аммо дар як соли сипаришуда агентӣ танҳо як ҳолати содиршавии ҷинояти коррупсионӣ аз сӯи кормандони прокуратураро ошкор кардааст.

Лентаи хабарҳо
0