ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, баъд аз як дастури Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи рӯзи 17 феврали Шӯрои амният, барои шунидани арзу доди сокинон ба минтақаҳои кишвар хоҳад рафт, хабар медиҳад сомонаи вазорат.
Ин сомона бо нашри ҷадвале менависад, вохӯриҳои Раҳимзода 14 марти соли ҷорӣ дар Суғд оғоз ёфта, баъдан дар Хатлону Рашту Бадахшон идома мекунад. Дар ин ҷадвал навишта шудааст, вазири умури дохилӣ то охири соли равон чаҳорборӣ дар ҳар минтақа бо сокинон сӯҳбат анҷом медиҳад ва рӯзи қабулаш — шанбе, аз соати 9 то 12, дар бинои раёсати умури дохилии минтақаҳост.
Ҷадвал ба ин тартиб аст:
Суғд:
14 март
13 июн
12 сентябр
21 ноябр
Хатлон:
4 апрел
20 июн
26 сентябр
28 ноябр
Рашт:
18 апрел
4 июл
10 октябр
12 декабр
Бадахшон:
25 март
18 июл
24 октябр
19 декабр
Сӯҳбатҳои Рамазон Раҳимзода бо сокинон дар пайи як дастури Эмомалӣ Раҳмон — раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 17 феврали Шӯрои амният дар Душанбе сурат мегирад.
Ин ҷаласа боиси барканории се муовини раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва ва додситонҳои Суғду Хатлон ва Бадахшону шаҳри Душанбе гардид. Ҳоло масъалаи барканории се муовини додситони кулл ва сарпрокурори ҳарбӣ низ аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, қарор аст, Маҷлиси Миллӣ дар ҷаласаи рӯзи 5 марти соли ҷорияш дар ин бора тасмим бигирад.