Санади барканории прокурорҳо ба Маҷлиси Миллӣ рафт

© Sputnik / Амир ИсаевПрокуратураи генералии ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Прокуратураи генералии ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин барканориҳо дар пайи интиқодоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният аз фаъолияти додситонии кулл ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сурат мегиранд.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Маҷлиси Миллӣ-палатаи болоии парлумони Тоҷикистон 5-уми март барканории муовини аввал, муовинон ва муовини прокурори генералӣ-Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистонро баррасӣ хоҳад кард, менаисад оҷонсии "Озодагон".

Раисҷумҳури Тоҷикистон санади барканории Абдуқодир Муҳаммадиев, муовини аввал, Ҳабибуло Воҳидов, Абдурашид Кишварзода, муовинон ва Хайрулло Саидов муовини прокурори генералӣ-Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистонро 18 феврал ба Маҷлиси Миллӣ фиристодааст.

Ҳамаи муовинони Абдуфаттоҳи Ғоиб барканор шуданд

Ин барканориҳо дар пайи интиқодоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният аз фаъолияти додситонии кулл ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сурат мегиранд. Раисиҷумҳур дар ин ҷаласа, ки 17-уми феврал баргузор шуд, дастур дод, ки тамоми муовинон ва додситонҳои вилоятҳои Тоҷикистон аз мақомашон барканор шаванд.

Дар пайи ин дастур Юсуф Раҳмонов, додситони кулли Тоҷикистон 18-уми феврал Мирзошариф Шарифзода — додситони шаҳри Душанбе, Муҳаммадхоҷа Арбобов, додситони вилояти Бадахшон, генерал-майори адлия Шариф Қурбонзода- додситони вилояти Суғд ва Сироҷиддин Нурзода — додситони вилояти Хатлонро аз мақомашон барканор намуд.

Ҳудуди як моҳ қабл Эмомалӣ Раҳмон фармони аз вазифа озод кардани Додситони кулл — Шерхон Салимзодаро содир намуд, ки аз 30 январи соли 2010 ин курсиро дар ихтиёр дошт.

Лентаи хабарҳо
0